Рамазон Рахимзода

Ҳомии сулҳ зодрӯз дорад!

Имрӯз Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро зодрӯз дорад. Ӯ на танҳо миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки аҳли зиё низ мақому мартабаи хоса дорад. Номзади илми ҳуқуқшиносӣ, муаллифи садҳо мақолаҳо ва китобҳои илмӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро миёни мардуми тоҷик бо шеърҳои ноб шуҳрат ва маҳбубият дорад. Нақши бузурги Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамчун Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст. Мо мавсуфро ба ифтихори зодрӯзаш табрик мегӯем ва як шеъри ӯро, ки “Парчами сулҳ” ном дорад, пешкаши хонандагон месозем.

Ғарқи Ваҳдат гаштаем, осуда меҳан дар назар,

Сулҳу амну оштӣ беҳтар зи таҳдиду хатар.

Ваҳдат аст ин амну созиш, ҳам гузашти даргузашт,

Гардани каҷ монад эмин, гарчи тез ояд табар.

Ваҳдат осоиштагии ҳастиву ҳамдарди қалб,

Сулҳро беш аст нафъу акси он дорад зарар.

Ваҳдати мо дарки миллат, қудрати давлат бувад,

Чун замину осмон бо гардиши шамсу қамар.

Ваҳдат ин амну амонӣ, тинҷиву сулҳу салоҳ,

Шод аз дидор ёрон ҷамъ ҳар шому саҳар.

Ваҳдат ин ҳамбастагии набзи аҳли ҷомеа,

Пайки сулҳу дўстӣ аз созмон ояд хабар.

Ҳосилу маҳсули Ваҳдат ҳаст Истиқлолият,

Сулҳ бошад, мебарад ҳар дам ба иқболи дигар.

Ин муросою рафоқат гашт маҳкам бештар,

Душман аз ин дўстии халқи мо дорад ҳазар.

Кафтаре, бингар, кунад таблиғи сулҳ андар ҷаҳон,

Созмонҳо гарчи дар дунё фузунанд ин қадар.

Аз ниёгон Ваҳдату сулҳу салоҳ омад ба мо,

Гуфт Кайковус чу рамзи дўстӣ панди падар.

Мардумон дар ҷанг андар ҳасрати осоишанд,

Баҳри рушду инкишофи мулк сулҳ орад самар.

Эй Ниҳонӣ, Ваҳдат аст озодии шахсу ҳуқуқ,

Парчами сулҳи ҷаҳон дорад ба сайёра сафар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *