Аз таҳти дил бихандед!
Диплом
Ҷавоне дипломашро мегирад ва ба пушташ овезон мекунад. Аз ӯ мепурсанд:
– Чаро овезон кардӣ?
Ҷавон мегӯяд:
– Ман чор сол аз паси ин давидам, акнун ин аз паси ман бидавад.
Имтиҳон
Пеш аз имтиҳон падар ба писараш мегӯяд:
– Агар имсол ҳам аз имтиҳонҳо нагузарӣ, маро «падарам» нагӯ!
Баъди имтиҳонҳо падар бо дидани писараш:
– Ҳа… бачам, имтиҳонҳо чӣ шуд?
Писар дар ҷавоб:
– Мебахшед, шумо кӣ? Нашинохта истодаам.
Гӯшвора
Роҳбари корхона диққат медиҳад, ки як корманди хушсурату фаъолаш, ки марди хеле оромтабиат аст, вақтҳои охир дар гӯшаш ҳалқа пӯшида мегардад. Боре ҷуръат карда, аз ӯ мепурсад:
– Давлатов, тинҷӣ аст? Наход шумо ҳам мисли ҷавонҳои имрӯза шуда бошед?
Давлатов дар ҷавоб:
– Диққат надиҳед, баъзан мешавад, устод.
Роҳбар:
– Аз кай боз хоҳиши гӯшвор пӯшиданро пайдо кардед?
Давлатов:
– Аз вақте ки занам ин гӯшвори лаънатиро аз ҷойгаҳамон пайдо намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ