Бобоҷон Ғафуров

Ҳуҷраи тоҷикии Бобоҷон Ғафуров дар Маскав

5 нафар писарони бобои Гулмурод ҳамаашон касби ҳазрати Довуд — оҳангариро пеша намуданд. Аз миёни инҳо бародари калонӣ Қаҳҳору кенҷагӣ Қурбоналӣ чирадаст баромаданд. Ин ду бародари оҳангар аз ноҳияи Ховалинг нахустин касонеанд, ки ба суҳбату дидори академик Бобоҷон Ғафуров мушарраф гардидаанд.

Амаки Қурбоналӣ нақл мекунад:

Айёми кӯдакиву наврасии Мирзоалӣ Вайсов дар ҳавлии мо гузашт. Чун акаю додар будем. Айёми донишҷӯӣ ва баъдан кориаш доим аз хонаводаи мо хабар мегирифт. Бо гузашти айём ӯ вазири молияи Тоҷикистон шуд. Намакдонро пос медошт ва ҳар гоҳ ки сӯи минтақаи Кӯлоб сафар мекард, ҳатман ба Ховалинг — хонаамон меомад. Бо бародарам Қаҳҳор риштаи мустаҳками дӯстӣ дошт.

Рӯзе акаам, ки аллакай шахси бадавлат шуда буд, омада гуфт, ки тайёр шав, ба Маскав, Мирзоалӣ Вайсовро хабаргирӣ меравем. Аз шодию ҳаяҷон дар куртаам намеғунҷидам. Ду рӯз кулчаю нонҳои чапотӣ, чормағзу бодом, харбуза, анору асал ва ғайраро савғотӣ гирифта, ба роҳ баромадем. Ин нахустин сафари ман ба пойтахти мамлакат буд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки ин сафарам пур аз воқеаю рӯйдодҳо хоҳад шуд. Бори аввал ба самолёту метро савор шудам, аз Мавзолейи Ленину Майдони Сурх, мағозаи машҳури шишагини ГУМ, дарёи бузурги Маскав дидан кардам. Ва аз ҳама муҳим ба суҳбати аллома Бобоҷон Ғафуров мушарраф гардидам.

Шабро дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» рӯз карда, саҳар роҳи беморхонаи ҳукуматиро пеш гирифтем. То ба он ҷо расидем, ки соат аз 11 ҳам гузашт. Ба палатаи Мирзоалӣ Вайсов даромадем, ки бо сардухтури беморхона ва як марди тануманди чашму абрӯсиёҳ менишаст. Аз ҷояшон хеста, бо мо боодобона салому алайк карданд. Акаи Мирзоалӣ моро ба онҳо шинос кард. Он марди чашму абрӯсиёҳ Бобоҷон Ғафуров буданд. Қариб 1 соат бо онҳо нишастем. Б. Ғафуров ба акаам як коғази дар он бо ҳарфҳои дастгоҳи мошинкагӣ навиштаҷоти хурдеро дароз кард ва гуфт, ки пагоҳ саҳар ба Институти шарқшиносии СССР оед. Он ҷо суҳбат мекунем ва бо мою бемор хайрухуш намуда рафт.

Пагоҳ савғотӣ гирифтему назди бинои муҳташам рафтем. Дар пештоқаш «Институт востоковедения АН СССР» навишта шуда буд. Коғази додаи ӯро акаам ба милитсионер нишон доду онҳо моро то қабулгоҳи Б. Ғафуров ҳамроҳӣ карданд.

Утоқи кориаш калону пур аз ҷевонҳои китоб буд. Ман суҳбатшунав будаму акаам бо академик суҳбаторо. Олими барҷаста аз таърихи Ховалинг ҷӯё шуд ва акаам, ки донандаи хуби таърих буд, чизҳои медонистагиашро ба ӯ нақл кард. Пас аз суҳбати дарозу холӣ шудани ду-се чойник чой Б. Ғафуров моро ба сӯи даре, ки дар қафои мизи кориаш буд, муроот кард. Он ҷо хонаи аз утоқи кориаш хурдтар, вале бо тамоми расму русуми тоҷикӣ орододашударо дидем. Кӯрпачаҳои нақшин фаршрову сӯзаниҳо деворро оро медоданд. Олим шарҳ доданд, ки сӯзаниаш аз Хуҷанду чаканаш туҳфаи М. Вайсов аз Кӯлоб.

Лаҳзае он ҷо суҳбат оростему баъд бо Б. Ғафуров хайрухуш кардем.  

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *