Чӣ тавр метавонем дар Ӯзбекистон бо интернет қарор дошта,чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем

Ӯзбекистон яке аз ҷойҳои маъруфтарин барои сайру сайёҳати сокинони кишварамон ба
шумор меравад. Ҳангоми сафар ҳамагон мехоҳанд, ки бо наздикони худ дар тамос
бошанд ва аз интернети мобилӣ, чун дар хона, истифода баранд. Бастаи нави
«Ӯзбекистон Онлайн» имкон медиҳад, ки дар роуминг онлайн бимонед. Он 5 Гб-ро
ҳамагӣ бо арзиши 15 сомонӣ дар бар мегирад. Хизматрасонӣ ба муштариёни ширкати
«МегаФон Тоҷикистон» ҳангоми убури сарҳад ба таври автоматӣ фаъол мешавад ва
танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шабакаи оператори UCELL амал
мекунад.
5 ГБ барои тафтиши почта, муошират ва зангҳо дар паёмрасонҳо ва ҷустуҷӯи
суроғаҳои зарурӣ дар харитаҳои онлайн кифоя аст. Бо нархҳои муқаррарии роуминг
чунин ҳаҷми трафик 1536 сомонӣ арзиш дорад. Акнун, ҳангоми сафар ба Ӯзбекистон,
муштарии аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ сад маротиба камтар маблағ
пардохт мекунад. Воқеан, бо нархи муқаррарии 0,30 сомонӣ барои 1 Мб тариқи
бастаи «Ӯзбекистон Онлайн» маблағи сарфагардида 1521 сомониро ташкил
медиҳад.
Бастаи «Ӯзбекистон Онлайн» дарҳол пас аз бақайдгирии дастгоҳи мобилӣ дар
шабакаи оператори алоқаи Ӯзбекистон, яъне UCELL, пайваст мешавад. Рақами
телефони муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳангоми убури марз ба
таври автоматӣ интихоб карда мешавад. Ягона шарт ин аст, ки барои гирифтани
арзиши хизматрасонӣ дар тавозун бояд на камтар аз 20 сомонӣ бошад. Муҳлати
амали он 30 рӯз аст. Агар трафик пештар ба охир расад, бастаи нав бо ҳамон шартҳо
ба таври автоматӣ фаъол мегардад.
Дар сурати пайвастшавӣ ба шабакаҳои дигар, шумо метавонед мустақилона дар
танзимоти телефони мобилӣ UCELL-ро интихоб кунед. Барои ин, аввал бояд
муайянкунии автоматии оператор қатъ карда шавад. Дар телефонҳои
истеҳсолкунандагони гуногун, номҳои қисмҳои лозимии меню «SIM-карты»,
«Мобильная сеть», «Операторы сети» ё «Мобильная передача данных» ном дошта
метавонанд. Сипас, дар қисми «Выбор сети» бояд «UCELL» пахш карда шавад.
Бастаи «Ӯзбекистон Онлайн» танҳо трафики интернетро дар бар мегирад. Нархи
дигар хизматрасониҳои алоқа ба андозаи муқаррарии дар роуминг пешбинишуда
боқӣ мемонад. Чунончи, нархи стандартии як дақиқаи занг дар дохили Ӯзбекистон ё
ба Тоҷикистон 5 сомонӣ, як дақиқаи занги воридотӣ — 1,50 сомонӣ хоҳад буд. Ирсоли
SMS 0,30 сомонӣ арзиш дорад, паёмакҳои воридотӣ ройгонанд.
Бастаи «Ӯзбекистон Онлайн»-ро метавонед мустақилона тавассути замимаи
«МегаФон Life» пайваст/қатъ намоед. Ин, масалан, вақте муфид хоҳад буд, ки
шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми сафар ба хориҷа аз интернети мобилӣ истифода
набарад. Барои қатъи хизматрасонӣ, бояд ба замимаи «МегаФон Life» гузаред, дар
саҳифаи асосӣ бо пахши нишонае, ки ба курраи замин монанд аст, қисми «Бақияи
бастаҳо — Интернет» -ро пайдо кунед. Дар он рӯйхати бастаҳо мавҷуд аст ва аз байни
онҳо бояд «Узбекистан Онлайн»-ро дарёбед. Бо пахши ин тугма, аз бандҳои
пешниҳодшуда «Қатъ кардан»-ро интихоб намоед.
Агар ҳангоми гузаштан аз сарҳад пардохт ситонида шавад, вале муштарӣ трафики
интернети бастаи «Ӯзбекистон Онлайн»-ро истифода набарад ва минбаъд истифода
бурдани онро дар нақша надошта бошад, инчунин хизматрасонӣ метавонад бо
истифода аз усули болозикр қатъ карда шавад. Маблағҳои ситонидашуда ба таври
автоматӣ ба тавозун баргардонида мешаванд. Барои баргардонидани маблағ ягон
амали дигар лозим нест.
Ҳангоми сафар ба Ӯзбекистон симкорти “МегаФон Тоҷикистон”-ро фаромӯш накунед
ва барои интернети мобилӣ наздики якуним ҳазор сомонӣ камтар маблағ сарф
намоед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *