Ҳукми қатл зарур аст

Чандин сол аст, ки дар кишвари мо ҳукми қатл ба ҷазои дигар, яъне абадан маҳрум намудан аз озодӣ иваз шудааст. Баъзеҳо сабаби зиёд шудани ҷиноятҳои махсусан вазнинро дар ҳамин мебинанд. Зеро, ҷинояткороне ҳастанд, ки барои онҳо дар зиндон будан ҳазорон маротиба беҳтар аст аз озодӣ…

Имрўз мо тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ мегардем, ки дар ин ё он минтақаи кишвар ҷиноятҳои мудҳише аз қабили куштори бераҳмона ё таҷовуз ба номусу кўдакони маъсуму бегуноҳ ба қайд гирифта мешаванд, ки ҳукми қатл дар ҳақи ин гуна муҷримон одилонатарин ҳукм ба ҳисоб меравад!

Бекор кардани ҳукми қатл ё ба шакли дигари ҷазо гузаштан, яъне умрбод аз озодӣ маҳрум намудани ҷинояткоре, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин содир намудааст, аз гуманизми аблаҳонаи Ғарб сарчашма мегирад. Дар Аврупо инро инсонпарастӣ меноманд, ки ба андешаи шахсии ман сахт хато мекунанд. Ман он фардеро, ки синаи ҳамҷинси худро медараду ба таҷовузу куштору ғорат даст мезанад, яъне асири ҷаҳли мураккаб аст, асло одам намеҳисобам. Ӯ ҳайвонест дар сурати одам. Пас ў бояд мувофиқи кирдори разилонааш ҷазо гирифта, аз қимматтарин чиз барои инсон — ҳаёт маҳрум шавад, то барои дигар ҳамтоёнаш дарси ибрат гардад.

Намедонам, ки чаро мо ба Аврупо тақлид мекунем ва аз онҳо маслиҳат мепурсем?! Ҳол он ки, дар кишвари ба мо ҳамсояву дўсти Чин барои паҳн кардану фурўхтани маводи мухаддир, ришваситонӣ ва боз чандин ҷурми дигар ҷинояткорро ҳукми қатл интизор аст. Агар мо аз Ғарби пур аз фисқу фуҷур нею аз Чину Эрон сабақи қонунӣ меомўхтем, шояд то ин дараҷа ба ботлоқи ришваю фасод намеғӯтидем?

Ёд дорам, калонсолон мегуфтанд, ки чун охири дунё наздик шавад, муқаддасот аз байн мераванд. Он вақтҳо ба маънои вожаи муқаддасот сарфаҳм намерафтам, вале баъдҳо…

Ҳамагӣ чанд сол пеш ба унвонии модар ё хоҳари касе ҳақорати қабеҳ фиристодан гуноҳи сахт ба ҳисоб мерафту атрофаш онқадар ҷангу ҷанҷолҳое мешуд, ки баъзан ба хунрезӣ рафта мерасид. Аммо оҳиста-оҳиста ин ҳама аз байн рафт ва аз даҳони хурду калон ин гуна гуфтаҳои қабеҳ арзонӣ мерехтанд ва касеро ба ташвиш намеовард. Кор то ҷое расидааст, ки ҳоло ҳақорати қабеҳ ба унвонии модар дар шумори шӯхӣ қабул карда мешавад. Шояд шумо мегўед, ки ҳақорат гап асту модар дар ҳама давру замон муқаддас мемонад?

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо чандин ҷинояте ба қайд гирифта шудааст, ки модар аз тарафи фарзанди хеш ҷон ба ҷонофарин супоридааст. Модаркушеро медонам, ки бар асари мастӣ модари пирашро латукӯб карда, ба қатл расонд. Баъзеҳо мегўянд, ки ин палид ҷасади беҷони модарро… ба гуфтан забонам намегардад… Вале ў баъди адои ҷазои 17 соли зиндон ба озодӣ баромаду баъди шаш моҳ боз ба зиндон афтод, зеро ин дафъа қасди таҷовузи писарбачаи хурдсолеро кардааст. Оё ҳукми қатл барои ин касиф ҷазои одилона набуд?!

Хоса он педофилҳое, ки кўдакони маъсумро таҷовуз кардаю баъд мекушанд, бояд ҳукми қатл гиранд, онҳо шогирдони шайтонанд, ки ҳеҷ гоҳ ислоҳ нахоҳанд шуд!

Лолаи САИДАКБАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *