Шаҳри Бохтар — нигине дар вилояти Хатлон

Ба хотири истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бунёду баистифодадиҳии зиёда аз 200 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Танҳо дар даҳ моҳи соли 2021-ум 13 иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода шудаааст.

Иҷрои нақшаи буҷет

Нақшаи қисми даромади буҷет аз рўи контингенти умумӣ 101 фоиз, нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100 дарсад, қисми даромади буҷети маҳаллӣ низ 100 фоиз таъмин шуда, нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 дарсад ва нақшаи андози иҷтимоӣ 103 фоиз таъмин гардидааст.

Амалишавии лоиҳаҳои бузург

Дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2021-2025» амалигардии 86 лоиҳа дар ҳаҷми умумии 1 миллиарду 445 миллиону 600 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, то 1-уми октябри соли 2022-юм 28 лоиҳа бо харҷи 272 миллион сомонӣ пурра амалӣ гардидааст. Феълан 41 лоиҳа ба маблағи 515 миллиону 500 сомонӣ мавриди амал қарор дорад, ки харҷи умумии корҳои иҷрошуда беш аз 788 миллион сомонӣ ё худ 54,4 дарсади барномаро дар бар мегирад.

Дар шаҳри Бохтар 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 101 миллиону 400 ҳазор доллари амрикоӣ таҳти амал қарор дорад. То имрӯз 18 миллиону 400 ҳазор доллар аз худ карда шудааст, ки беш аз 26 дарсадро ташкил мекунад.

Дастгирии бештари соҳибкорон

Ба хотири дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби бонк ва ташкилотҳои қарзии ҳудуди шаҳри Бохтар то 1-уми сентябри соли 2022 ба соҳибкорон 232 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 25 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Фаъолсозии шаш корхона дар даҳ моҳ

Дар даҳ моҳи соли 2022 маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 263 миллион сомониро ташкил додааст, ки афзоиш ба 131 дарсад баробар гардидааст. Аз ин ҳиссаи корхонаҳои истеҳсолӣ 157 миллиону 500 ҳазор сомонӣ (60 дарсад) ва сектори хусусӣ 105 миллиону 500 ҳазор сомонӣ (40 дарсад) мебошад.

Аз 57 корхона ва коргоҳи саноатӣ 47 ададаш нисбатан фаъолияти хуб намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро назар ба ҳамин давраи соли гузашта 62 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд намудаанд.

Дар даҳ моҳ дар шаҳри Бохтар шаш коргоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ “Халили Иброҳим” ҶДММ “Баракати истиқлоли диёр”, ҶДММ “Деҳаи ман”, ҶДММ “Ёсинҷони Бохтар”, ҶДММ “Аскарҷони Бохтар” ва ҶДММ “Умедҷони Неъмат” таъсис дода шудааст, ки беш аз 40 ҷойи кории нав барои сокинон фароҳам гардид.

Ҳамчунин, дар ин давра зимни сафари навбатии кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҶДММ “Бохтар шифер” коргоҳи истеҳсоли қубурҳои азбистӣ ва дар назди ҶДММ “Деҳаи ман” коргоҳи шустушўй ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки боз 50 ҷойи кории нав муҳайё гардид.

Иҷроиши нақша беш аз 96 дарсад

Дар 10 моҳи соли 2022 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо беш аз 151 миллион кВт/соат қувваи барқ дода шуд, ки маблағаш 48 миллиону 300 ҳазор сомонӣ мебошад. Ин нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 12,7 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳақи истифодаи қувваи барқ 41 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 85,5 дарсад ва аз ҳисоби аҳолӣ бошад, нақша беш аз 96 дарсад иҷро шудааст.

Мирзозода Нурулло, муовини аввали раиси шаҳри Бохтар

Афзоиши гардиши мол ва хизматрасонӣ

Гардиши чаканаи мол якҷо бо бахши хусусӣ 2485,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 10 моҳи соли 2021 ба маблағи 674,1 млн сомонӣ зиёд буда, афзоиш 137,2 фоизро дар бар мегирад.

Инчунин, 207 миллиону 800 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни пулакӣ ба аҳолӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 10 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд буда, беш аз 105 дарсадро ташкил медиҳад.

Сохтмони беш аз 200 иншоот дар 5 сол

Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 71 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 51 маркази савдо, 18 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, 9 бинои маъмурӣ, 5 боғу гулгашт, толорҳои варзишӣ, сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ, бинои иловагӣ ва хобгоҳи коллеҷҳои тиббӣ, сохтмони наздики  50  истгоҳи ҷамъиятӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингард, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ дар назар дошта шудааст.

Дар давраи сипаригаштаи соли ҷорӣ 13 иншоот бо харҷи беш аз 57 миллион сомонӣ бо таъсиси 86 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуд. Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ ба хотири 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар иборат аз 270 банд ва таъсиси 1 ҳазору 500 ҷойи нави корӣ дар назар аст.

Нақшаи ободонӣ ба хотири 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар беш аз 106 дарсад таъмин карда шуда буд. Ба ҷойи сохтмони 307 иншооти ба нақша гирифташуда 328 иншооти таъиноти гуногун бо харҷи 485 миллион сомонӣ сохта шуд, ки 1 ҳазору 352 ҷойи кори нав ташкил гардид.

Насби чароғакҳои рақамӣ

Дар шаҳри Бохтар беш аз 133 км роҳи автомобилгард мавҷуд аст. Аз аввали сол то имрӯз кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳо ба дарозии 44,58 км хатҳои уфуқӣ ва ба масоҳати 2 ҳазору 598 метри мураббаъ пиёдагузарҳоро рангубор намуда, 1 ҳазору 577 метри мураббаъ роҳро таъмири ҷорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ 11 ҷуфт чароғаки роҳнамои фарсуда ба чароғакҳои муосири рақамӣ иваз карда шуда, 113 аломати роҳ насб гардид.

Феълан дар дохили шаҳри Бохтар 7 ширкати нақлиётӣ фаъолият намуда, дар 63 хатсайр ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Давлатзода Наҷмиддин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

Дар доираи амалигардонии яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат — амнияти озуқаворӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар зиёда аз 104 миллион сомониро ташкил кард, ки афзоиш 101 фоиз таъмин гардидааст.

Тибқи дурнамо барои кишти такрории зироати кишоварзӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагидории шаҳр 678 гектар замин пешбинӣ гардидааст, ки аз он ғалладонагиҳо 485 га, картошка 63 гектар, сабзавот 147 гектар, зироати хўроки чорво 1 гектарро дар бар мегирад.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар мувофиқи нақша рафта истодааст. То имрӯз зиёда аз 2 ҳазору 51 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки наздики 66 дарсади нақшаро ташкил мекунад. Аз ҷумла, дар ин давра зиёда аз 62 тонна писта, 88,5 тонна донаи офтобпараст, наздики 538 тонна чормағзи заминӣ, 1 ҳазору 209 тонна меваи хушк ва 153 тонна ангур содирот карда шудааст.

Бештар кардани гулу дарахт

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар мувофиқи нақшаи тасдиқгардида амал намуда, дар даҳ моҳ 11 санҷиш гузаронидааст. Баъди гузаронидани санҷишҳо 55 санади назоратӣ тартиб дода ва барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ба субъектҳои хоҷагидор 99 пешниҳод ирсол намудааст.

Ҳамчунин, дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои муштараки фаврӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 71 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 13 ҳазору 688 сомонӣ тартиб дода шудааст.

Ҷамъоварии пардохт барои партовҳо ба муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ 233 ҳазору 426 ҳазор сомониро ташкил намуда, 107 фоизи нақшаи пешбинигардидаро дар бар мегирад.

Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 20 ҳазору 180 бех дарахтони ороишию ҳамешасабз ва беш аз 1 миллиону 900 ҳазор гулу гулбуттаҳо шинонида шудааст.

Таъмини оби нӯшокии босифат

Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии шаҳр 4 ҳазору 885 ҳазор метри мукааб оби нўшокӣ додааст. Ҷамъоварии ҳақи хизмати обрасонӣ 94 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, ё 84 дарсадро ташкил мекунад.

Дар даҳ моҳ 4 ҳазору 300 метр қубурҳои гуногунҳаҷм ва 98 чоҳ тоза ва бо сарпўшҳои нав таъмин карда шудаанд. Аз ҷониби шаҳрвандон ба идораи мавриди назар 696 дархост оид ба бартараф намудани садамаҳои қубури оби нўшокӣ ва корез ворид гардидааст, ки сари вақт ва пурра дархости онҳо иҷро шудааст.

Кормандони Корхонаи фаръии хоҷагии коммуналии шаҳр дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз ҳудуди шаҳр ба миқдори беш аз 73 ҳазор метри мукааб партовҳоро бароварданд ва ҳамарўза роҳу роҳравҳоро тоза намуда истодаанд.

Пардохти ҳақи хизматрасонии коммуналӣ 5 миллион сомониро ташкил мекунад, ки аз ин 2 миллион сомониаш аз ҳисоби буҷет мебошад. Дар даҳ моҳ ин маблағ пурра пардохт карда шудааст.

Дар корхонаи мазкур лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” таҳти амал қарор дошта, маблағи умумии лоиҳа 4 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекунад. Азхудкунии маблағҳо то имрўз 4 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ ё ин ки 94 фоизро ташкил медиҳад.

Ярмарка ва ҷойҳои корӣ

Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 860 сокини бекор муроҷиат намудаанд, ки аз ин 703 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, 406 нафарашон бо ҷойи корӣ таъмин карда шудаанд.

Дар асоси нақшаи пешбинишуда дар даҳ моҳ дар шаҳри Бохтар 14 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шудааст, ки дар натиҷа 340 нафар корҷўён барои худ ҷойи кории муносиб пайдо намудаанд.

Ҳамчунин, 152 нафар сокинони аз хизмати ҳарбӣ баргашта ва аз маҳбас озодшуда бо кумаки яквақтаи пулӣ таъмин шудаанд.

Феълан музди миёнаи меҳнаткашони шаҳр 1709 сомониро ташкил мекунад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 254 сомонӣ зиёд гардидааст.

Таъмини саривақтии нафақа

Дар Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Бохтар 9 ҳазору 112 нафақагирон ба қайд гирифта шудаанд, ки дар даҳ моҳ талаботи нафақаи онҳо беш аз 29 миллион сомониро ташкил кард. Бояд гуфт, ки талаботи нафақа нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Шаъмигул Шарифзода, мудири шуъбаи маориф

Беҳтар кардани шароити таълим

Баҳри рушди соҳаи мариф ва илм дар ҳудуди шаҳр 24 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки аз он 4 литсей, 2 гимназия (1 адад хусусӣ) ва 1 мактаби инноватсионӣ, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин 21 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (3 адад хусусӣ) фаъолият менамоянд.

Дар муассисаҳои таълимии мактабӣ ва томактабии шаҳр 1 ҳазору 303 нафар омўзгор ва мураббия фаъолият доранд, ки аз ин шумора 996  нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи хонандагони муассисаҳои таълимии мактабӣ 28 ҳазору 359 нафар ва томактабӣ 3 ҳазору 80 кўдакро дар бар мегирад.

Дар соли таҳсили 2021-2022 бо мақсади дарёфт ва рушд 320 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, дар маҷмуъ сазовори 231 медал, аз ҷумла 1 медали алмос, 31 медали тилло, 37 медали нуқра ва 162 медали биринҷӣ гардиданд.

Таъмини босифати хизматрасонии тиббӣ

Дар шаҳри Бохтар ба хотири сиҳатии сокинон сохтори госпиталӣ, маркази ёрии таъҷилӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, шаш муассисаи тиббии шаҳрӣ ва 22 муассисаи тиббии вилоятӣ, 17 ҳуҷраи давлатию хусусии дандонпизишкӣ, 10 ҳуҷраи ташхисии ултрасадо ва 110 дорухона фаъолият мекунанд. Сифати хизматрасонии тандурустӣ ба сокинон назар ба солҳои қаблӣ ба маротиб баланд карда шудааст.

Китобхонаҳои пур аз китоб

Дар шаҳри Бохтар 39 муассисаи фарҳангӣ (4 адад вилоятӣ), аз ҷумла 12 гулгашт, 8 майдони таърихиву фароғатӣ, китобхонаи марказӣ бо 7 филиал, кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ, клуб, театри халқӣ, ду боғи фарҳангӣ, мактаби бачагонаи санъат, осорхона, студияи сабти овоз, лабораторияи композиторони ҷавон ва ансамбли рақсии «Ситора» фаъолият доранд.

Ба хотири таъмини сокинон бо китоб айни замон дар китобхонаи марказӣ ва бахшҳои он зиёда аз 53 ҳазору 350 нусха китоби гуногун маҳфуз мебошад.

181 медали варзишгарон

Варзишгарони шаҳри Бохтар дар даҳ моҳи соли равон дар 41 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, дар умум 181 медал ба даст овардаанд. Варзишгарон аз иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ 71 медали тилло, 59 нуқра ва 51 медали биринҷиро соҳиб шудаанд.

Ҳоло дар шаҳри Бохтар  ба хотири рушди бештари варзиш 3 варзишгоҳ, як мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 95 майдончаи варзишӣ, аз ҷумла 18 майдончаи футболи хурд ва 2 майдони теннис мавҷуд аст. Давоми сол барои зиёд кардани шавқи ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимии онҳо 217 мусобиқаи гуногуни варзишӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шудааст.

Арзи сокинон шунида мешавад

Дар даҳ моҳи соли 2022 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар 1 ҳазору 407 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид шудааст.

Ҳамчунин, дар ин муддат 37 маротиба қабули шаҳрвандон гузаронида шудааст, ки 180 сокин ба раиси шаҳри Бохтар, 68 нафар ба муовини аввал, 112 нафар ба муовинони раиси шаҳр ва 38 нафар ба роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ба таври шифоҳӣ муроҷиат намудаанд.

Таъмини шароити истироҳат барои сокинон

Шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рушд карда, ба макони обод ва шаҳри орзуҳо табдил гардидааст. Дар шаҳр гулгашту боғҳои фарҳангию фароғатӣ, биноҳои баландошёна ва корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ сохта шудааст, ки ба рушди бештар дар оянда мусоидат мекунанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *