Медали биринҷии паҳлавони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон

Дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон Чемпионати ҷаҳонии кураш баргузор шуд, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат карданд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз 60 кишвар ширкат карданд. Тоҷикистонро варзишгарон Муҳаммадризо Қувватов (-60 кг), Наврўзи Каримзод (-73 кг) ва Фаррух Маҳмудов (-81 кг) намояндагӣ карданд.

Аз миёни онҳо Наврўзи Каримзод дар вазни -73 кг ба гирифтани медали биринҷии Чемпионати ҷаҳонии кураш мушарраф шуд. Муҳаммадризо Қувватов ва Фаррух Маҳмудов то даври чорякфинал баромаданд, вале дар рақобат барои роҳ ёфтан ба нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *