Ҳукумати Амрико ба мактабҳои Тоҷикистон 242 ҳазор китоб ҳадя кард

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва шарикии Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон, барои хонандагони синфҳои 10 ва 11 китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимии замонавиро таҳия кардааст. 

Ин 242 000 китобҳои дарсии забони англисӣ аз 115 000 китоби дарсӣ барои синфи 10; 115 000 китоби дарсӣ барои синфи 11; 6 000 китоб барои муаллимони синфи 10; 6 000 китоб барои муаллимони синфи 11 ва 12,000 CD дорои маводи таълимӣ барои муаллимон баҳри таълими дарсҳои ба хонандагон нигаронидашуда, иборат мебошанд.

Китобҳои номбаршуда ба Вазорати маориф ва илм дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *