Аз афзоши садамаи нақлиётӣ то шарҳи ихтисори кормандони БДА

Дар соли 2023 бар асари садамаи нақлиётӣ 519 нафар ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, дар ин давра 1179 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қайд гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҳодисаҳо 15 адад зиёд мебошад. Маҷрӯҳшудагон 18 нафар кам ба қайд гирифта шудаанд.

Вазири  корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба ихтисори 30 дарсади кормандони БДА гуфт, онҳо 30 дарсад кам мешаванд, аммо вобаста ба сатҳи малакаву донишашон ба дигар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул карда мешаванд.

Ҳамчунин, дар нишасти ВКД гуфта шуд, ки соли 2023 дар ҷумҳурӣ 47 ҳолати таҷовуз ба номус ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 8 ҳолат нисбат ба  ноболиғон сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *