Ҳунарманди хушсадо Чилахон Холов даргузашт
Ҳунарманди хушсадое, ки бо таронаҳои мардумӣ қалби хурду калонро шод мекард, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Чилахон Холов пас аз бемории начандон тӯлонӣ аз дунё гузашт.
Нафарони огоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ҷанозаи марҳум имрӯз, 8-уми феврал, соати 12 дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Чилахон Холов Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, зодаи Кангурти минтақаи Кӯлоб буд ва худро яке аз пайравони Карими Шиш медонист. Ӯ аз ҷумлаи сермаҳсултарин ҳунармандони Тоҷикистон буд, ки бисёртар таронаҳои халқӣ месуруд ва бо ҳамин сурудаҳояш дар байни мардум мухлиси зиёд дорад.
Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз даргузашти ҳофизи нотакрор сахт андуҳгин буда, ба ҷумлаи пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ