Исроил Шарифзода

Ба Бохтар автобус меоранд. Вале роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд

Ба шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон нақлиёти ҷамъиятӣ оварда мешавад. Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввал то моҳи март 8 автобус оварда мешавад.

Исроил Шафизода — сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки аллакай истгоҳҳо дар шаҳри Бохтар пурра омода шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки дар таваққуфгоҳи нақлиётӣ таъмир рафта истодааст. “Мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар тасмим дорад то Наврӯзи имсола автобусҳоро ворид кунад. Дар ояндаи наздик ба шаҳри Бохтар боз 31 автобуси дигар оварда мешавад”,- гуфт ӯ.

Исроил Шафизода афзуд, ки роҳҳои мошингард дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудаанд. “Он замон шояд дар шаҳр 1 ҳазор мошин буд. Ҳоло зиёда аз 10 ҳазор нақлиёт ҳаракат мекунад. Албатта, роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд”,- афзуд вай.

Феълан дар шаҳри Бохтар тамбашавии роҳҳои мошингард яке аз мушкилоти меҳварии шаҳрдорӣ ба ҳисоб меравад. Бо афзудани шумораи нақлиёти гуногун ва тангии роҳҳои мошингард ин мушкилӣ ҳанӯз роҳи ҳал пайдо накардааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *