толеънома

Толеъномаи 8-уми феврали соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Кори имрӯзаро ба фардо нагузоред, бо ин коратон шумо озодии тану руҳро маҳдуд месозед. Ҳарчанд хоҳиши истироҳат карданро доред, вале фикру андешаи корҳои нотамом азобатон дода, хастагиатон афзудан мегирад. Кӯшиш кунед, ки ҳама корро тадриҷан анҷом диҳед, то лаҳзаи охирин нагузоред.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи бобарор меояд, ба шарте, ки худатон онро бебарор накунед. Ба корҳое, ки аз онҳо ягон комёбӣ ба назар намерасад, машғул нашавед, беҳтар аст, ки кори оғозкардаатонро анҷом диҳед. Ба корҳои шубҳанок машғул нашавед, вагарна маблағи калонро аз даст медиҳед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Бисёр масъалаҳои муҳимро ҳал кардан лозим аст. Бо вуҷуди ин, қолабҳо ё таҷрибаи ягон каси дигарро истифода набаред: он фоидаовар нахоҳад буд. Беҳтараш заковат нишон дода, ба масъала аз нуқтаи ғайричашмдошт нигоҳ кунед. Мулоқот бо ҳамкорон дар муҳити ғайрирасмӣ ба шумо имкон медиҳад, ки одамони нави ҳамфикр пайдо кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои пайдо кардани иттифоқчиён ва одамоне, ки омодаанд ба шумо кумак расонанд. Намуди зоҳирии шумо барои дигарон муҳим аст, бинобар ин, ба либос ё ороиши мӯй диққат диҳед. Шумо метавонед даромади ногаҳонӣ ба даст оред. Ҳамзамон барои ба мағозаву бозорҳо рафтан рӯзи мусоид аст.

Асад (23 июл-23 август)

Шуморо рӯзи душвор ва аз ҷиҳати равонӣ пуршиддат интизор аст. Кӯшиш кунед, ки оромиро нигоҳ доред, ба иғвоҳо дода нашавед, аз баҳсу муноқишаҳо канорагирӣ кунед. Ба харҷу хароҷот диққат диҳед: имкони харҷ кардани аз ҳад зиёд ва ба мушкилоти молиявӣ дучор шудан вуҷуд дорад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Кӯшиш кунед, ки бо одамоне, ки андешаашон барои шумо муҳим аст, бештар суҳбат кунед, пеш аз қабули қарори муҳим аз онҳо маслиҳат пурсед. Шояд шумо баъзе далелҳоро аз даст медиҳед ва аҳдҳои бузургро намебинед. Ба касе чизеро ваъда накунед, вагарна иҷро кардани он душвор хоҳад буд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои шумо муошират ва ҳамкорӣ мушкил хоҳад буд, аз ин рӯ, беҳтар аст кореро пайдо кунед, ки ба таври инфиродӣ анҷом дода шавад. Рӯз барои таҳсил, такмили ихтисос, тамошои намоишҳои мавзуӣ мусоид аст. Бегоҳро бо дӯстон гузаронед: хабари муҳим хоҳед гирифт.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳолати руҳиятон вазнин мешавад, махсусан нимаи аввали рӯз бо ҳамкорон ё шарикон забон ёфтанатон душвор мегардад. Суҳбат метавонад ба баҳси шадид ё ҳатто муноқиша табдил ёбад. Нимаи дуюми рўзро ба истироҳат, машғулиятҳои гуворо, барқарорсозии ҳолати равонӣ бахшиданатон лозим аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Муносибати оқилона ва дурандешона ба шумо имкон медиҳад, ки корҳои зиёдеро анҷом диҳед ва мушкилоти мураккабро ҳал кунед. Аз пайи ҳавову ҳавас шуда, хаёлан қасри орзуҳо насозед, беҳтараш барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас кӯшиш кунед, аз кори иҷрошуда дониш ва таҷрибаи нав ба даст оред. Имконияти вокуниш ба вазъият вуҷуд дорад: ором бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Мушкилот аллакай нимаи аввали рӯз шуморо домангир мешаванд. Шояд бо одамони ногувор муошират карданатон лозим меояд, ба ҳар сурат, мушкилоти сарзадаро рафъ намуданатон лозим аст. Табъи худро болида нигоҳ доред, ба эҳсосот дода нашавед. Рӯзи хубест барои банақшагирӣ: орзуҳои шумо ба зудӣ амалӣ мешаванд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар шумо тавонед, ки бо атрофиён муносибати нек ва хайрхоҳона созед, бисёр мушкилот бо дигарон ҳал карда мешаванд. Ба ҷанҷол ва занозанӣ даст назанед, вагарна муносибататонро бо ҳамкорон вайрон мекунед. Дар масъалаҳои молиявӣ боэҳтиёт бошед: эҳтимол аст, ки маблағи зиёдро сарф мекунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз сахт ба эҳсосот дода мешавед ва ҳар як ҳодисаи ночиз метавонад боиси асабонияти аз ҳад сахт гардад. Ором бошед, бо дигарон ва бо худ баҳс накунед, сабур бошед. Бегоҳ гуворо ва бофароғат сипарӣ мегардад. Сайругашти пеш аз хоб оромии шуморо барқарор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *