Бо далел

Ҳушдор! Аз афзоиши қаллобон то маслиҳати мутахассисони бонк (видео)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳол эълону видео-роликҳо аз номи мансабдорону чеҳраҳои шинохтаи тоҷик, бонкҳои кишвар барои бештар пул ба даст овардани муштариён зиёд паҳн мешаванд. Яке ба чунин эълонҳо бовар дораду дигаре онро дурӯғ ва амали дасти қаллобон медонад.

Дар барномаи навбатии “Бо далел” мутахассисон  аз «Амонатбонк» Шуҳрат Холиқов ва аз «Алиф Бонк» Ҷовидон Ҳамидов ба студияи Pressa.tj даъват шуда буданд. Мутахассисон дар бораи ин видео-роликҳо, фейк ва қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, оид ба эмин мондан аз ҳар гуна хавфҳои интернетӣ суҳбат карданду тавсияҳо доданд.

Ҷовидон Ҳамидов, мутахассис аз “Алиф Бонк”:

— Аз рӯйи мушоҳида ва омор назар намоем, ҳоло қаллобон на танҳо аз номи “Алиф Бонк”, балки аз номи ширкатҳои бонуфуз — “Газпром”, “Тесла”, “Алиф профит” ва дигар шахсиятҳои машҳур истифода мекунанд. Ҳатто аз номи парламенти Тоҷикистон ва мансабдорони тоҷик қаллобон мардумро “сармоя кунеду даромади калон ба даст оред” гӯён, фиреб карда истодаанд. Ин гуна сармоягузорӣ асоси воқеӣ надорад. Агар он асос медошт, аввал дар сомонаҳои расмӣ паҳн мешуд.

— Дар паси ҳамин гуна роликҳо, ки шумо фейк, яъне бардурӯғ мепиндоред, киҳо меистанд ва дар куҷо ҷойгиранд?

— Асосан қаллобон берун аз кишвар ҳастанд. То ҳол ҷойи мушаххасашон ҳам маълум нест. Аз рӯйи он ки қаллобон рақаму ҳамёнҳои вертуалӣ истифода мекунанд, мо наметавонем дақиқ кунем, ки дар куҷо ҷойгир ҳастанд. Аммо азбаски қаллобон бо забони русӣ ҳарф мезананд, эҳтимол онҳо дар Русия, Қазоқистон ё Украина фаъолият мекунанд.

— Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи “Амонатбонк” ҳам чунин роликҳои бардурӯғ пахш мешаванд. Назари намояндаи “Амонатбонк” дар ин маврид чӣ аст?

Шуҳрат Холиқов, мутахассис аз “Амонатбонк”:

— Воқеан, дар заминаи чанд эълони бардурӯғе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаву имрӯз мардум ба онҳо таваҷҷуҳ карда истодаанд, ин аз нокифоя будани саводи молиявии мардум далолат медиҳад. Ё онҳо роҳи осони пул кор карданро меҷӯянд.

— Чаро дар меҳвари чунин роликҳо мансабдорони тоҷик ҳам истифода мешаванд? Ҳамчун мутахассис бигӯед, ки мардум фейкро аз воқеият чӣ тавр фарқ кунанд?

Ҷовидон Ҳамидов:- Мизоҷ бояд донад, ки пули бе дарди миён дар ягонҷо нест. Дар бисёр роликҳо қаллобон ваъда медиҳанд, ки агар шумо ба онҳо 100 сомонӣ сармоягузорӣ кунед, дар давоми ду рӯз 1000 сомонӣ бароятон медиҳанд. Ин дурӯғи рӯирост аст. Ин гуна роликҳое, ки қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд, амиқ нигоҳ кунед, онҳо саҳифаи расмӣ надоранд. Вақте ки аз номи шахсони машҳур роликҳои тарғиботии авомфиребона пахш мекунанд, ба воситаи он мардумро барои ворида шудан ба сайт ё саҳифаашон даъват мекунанд. Сайти онҳо бошад, расмӣ нест. Ҳатто номи ширкат ва суроғаи ҳуқуқии он мушаххасу дуруст навишта нашудааст.

— Оморе ҳаст, ки чӣ қадар шаҳрвандони мо ба доми чунин қаллобон афтодаанд?

— Бале, омори дақиқ дорем, вале он сирри бонкӣ аст. Мардум зиёд муроҷиат мекунанд. Дар бонки мо барномае ҳаст, ки тавассути он аз фиристодани маблағи муштариён ба қаллобон пешгирӣ менамоянд.

— Дар “Амонатбонк” низ вуҷуд дорад?

Шуҳрат Холиқов:- Мутаассифона, муштариёне, ки ба доми қаллобон афтодаанд, вуҷуд доранд. Ин аз беаҳамиятӣ ва айби худи мизоҷ аст. Яъне, бо хоҳиши худ маълумоти махфии корташ ё ҳамёни электрониашро пешниҳод кардааст. Ҳол он ки, ба шахси дуюм додани ҳама гуна маълумот дар бораи корти бонкӣ мумкин нест.

— Чаро “Алиф Бонк” бо ин қадар мутахассисони варзидаи соҳаи IT пеши пахши чунин роликҳои тарғиботии дорои фейкро гирифта наметавонад?

Ҷовидон Ҳамидов:- Дар “Алиф Бонк” шуъбаи махсуси кор бо ҳолатҳои қаллобӣ таъсис ёфтааст. Фаъолияти он ба чанд самт равона шудааст. Якум, барои огоҳ намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани дониши молиявӣ роликҳои омӯзишӣ, смс — паёмакҳо ва ғайраро паҳн менамояд. Дар ду соли гузашта оид ба масъалаҳои қаллобӣ даҳҳо роликҳои омӯзишӣ дар расонаҳо паҳн гардиданд, ки зиёда аз 5,5 миллион нафар огоҳ шуданд. Боз як роҳи дигари пешгирӣ аз ҳар гуна қаллобӣ беҳтар кардани низоми автоматикунонии бонкҳо аст. Айни замон дар “Алиф Бонк” ду низоми автоматикардашуда ба зидди қаллобон мубориза мебаранд. Агар ёд доред, пештар қаллобон тавассути сомонаҳои хизматрасониҳои эълон бо таъсири психологӣ ба ҳамёни муштариён ворид шуда, маблағи суратҳисобашонро  медуздиданд. Мо тавонистем, ки бо низоми пешрафтаи автоматикардашудаи мутахассисони бонк шеваи фаъолияти қаллобонро ба сифр баробар намоем. Ҳоло мубориза ба эълонҳои қаллобон тариқи “Газпром”, “Тесла” идома дорад. Дар як моҳ аз 400 то 500 ҳазор сомонии муштариёнро аз доми қаллобон пешгирӣ дорем. Дар ин самт бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ менамоем. Аз ҷумла, бо кумаки Хадамоти алоқа ва дигар сохторҳо сомонаи қаллобонро дар ҳудуди Тоҷикистон барҳам додем.

— Аммо, бо вуҷуди ин, сафи қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба назар мерасад…

Ҷовидон Ҳамидов:- Ин вобастагӣ ба низоми автомакунонии бонкҳо аст. Ҳоло чунин ҳолатҳои қаллобӣ бо истифода аз номи “Алиф Бонк” паст шуда истодааст. Зеро низоми автоматиро дар бонк мутахассисони худамон сохтаанд. Инро фаҳмида, қаллобон ишора мекунанд, ки маблағро тавассути “Алиф моби” нафиристанд. Яъне, системаи мо чунин амали қаллобонро бозмедорад. Ҳамзамон, аз амалҳои қаллобон мизоҷро огоҳ менамоем.

Шуҳрат Холиқов:- Аз ҷониби “Амонатбонк” ҳам бо истифода аз барномаҳои махсус амалҳои қаллобӣ пешгирӣ карда мешаванд. Вале мардум ҳам бояд зудбовар набошанд, хароҷоту даромади маблағи худро дар корти бонкӣ пайваста санҷанд. Ягон хел маълумоти корт ва замимаи барномаи мобилии кортро ба шахси дигар надиҳанд.

Масалан, мегӯянд, ки рақами кортро сурат гирифта, барояшон фиристанд. Боз CVV код ва коди тавассути смс ба телефон омадаро пурсида мегиранд. Дар ин ҳолат мизоҷон набояд ба гапи чунин қаллобон дода шаванд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *