Ҷануби Тоҷикистонро чангбод интизор аст

Дафтари матбуоти КҲФ хабар медиҳад, ки рӯзи 12-уми май дар як қатор минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе чангбод (боди афғонӣ) дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти ҳавошиносони ҷумҳурӣ, рӯзи 12-уми май дар натиҷаи тағйирёбии обу ҳаво дар як қатор ноҳияҳои марказии вилояти Хатлон, тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе чангбод дар назар дошта шудааст. Ин чангбоди афғонӣ аз самти мамлакати ҳамсарҳади мо — Афғонистон медарояд.

Дар робита ба ин Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, астмаи бронхиалӣ ва гипертония таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони куҳнавардӣ, авто-мото ва велосипедронии куҳӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи куҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кардан лозим аст, зеро эҳтимоли резиши санг, сел ва ярч боқӣ мемонад.

Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта пеш дар моҳи апрел чунин чангбоде муддати се-чор рӯз дар минтақаҳои ҷануби кишвар ҳукмрон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *