59 ҳазор сомонӣ. Кумитаи дин нархи сафари ҳаҷи имсоларо эълон кард

Тибқи эълони Кумитаи дин, ки рӯзи 11-уми май дар сомонаи он интишор шуд, нархи сафар барои як зоири тоҷик 59 ҳазор сомонӣ (5406 доллар) муқаррар шудааст.

“Маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла билети равуо, меҳмонхона дар Маккаю Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли зоирон дар масири Ҷидда — Макка — Мино — Арафот — Муздалифа — Мино — Макка — Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Маккаю Мадина, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи ҳаҷ ва рухсатномаҳоро дар бар мегирад”,- гуфта шудааст дар иттилоияи мазкур.

Мақомоти марбута ба ин назаранд, ки сафари имсолаи зоирони тоҷик барои адои ҳаҷи акбар аз 10-ум то 20-уми июн давом ёфта, нархи сафари ҳаҷ дар қиёс ба соли гузашта 1520 сомонӣ арзонтар мебошад. Масъулини Кумитаи дин соли гузашта мегуфтанд, ки Арабистони Саудӣ бинобар маҳдудиятҳои COVID-19 нархи хидматрасонӣ барои зоиронро қиммат карда буд.

Тибқи маълумоти дарёфтшуда, имсол Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон барои адои ҳаҷи фарзӣ 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Солҳои гузашта нархи сафари ҳаҷи акбар аз Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя гаронтар буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *