Ҳушдори КҲФ: Ҳавои олудаву пур аз чангу хок чанд рӯз боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳат, ки аз 30-юми июн то 2-юми июли соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хокбориш идома хоҳад кард.

Рӯзҳои 3-4-уми июли соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ боди шадид дар назар дошта шудааст. Бино ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои ёдшуда шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония хоҳад вазид.

То 5-уми июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари об шудани пиряхҳо омадани селҳо эҳтимол дорад.

То 5-уми июли соли 2023 дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бар асари омилҳои метеорологӣ (чангу хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дод, дар назар аст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд, ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳоро сари вақт тоза кунанд, то агар сел ҳам омад, ба маҷрои худ равад ва ба хонаву таҳхонаву киштзорҳо ворид нашавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *