Фестивали яхмосу нӯшокиҳои ташнагишикан ва шарбати меваҳо дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе фестивали яхмосу нӯшокиҳои ташнагишикан ва шарбати меваҳо баргузор гардид. Дар чорабинӣ тамоми намуди шириниҳо ва нӯшокиҳои тароватбахш пешниҳоди сокинонону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки дар мавриди баргузории фестивали яхмосу нӯшокиҳои ташнагишикан ва шарбати меваҳо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24-уми июни соли 2023 ба тасвиб расидааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Душанбе, ҳайати Комиссия, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали мазкур дар пойтахт тасдиқ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» дар Тоҷикистон Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан, инчунин Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ доир мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *