Ҳушдори КҲФ аз барфу борон ва сардиҳои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон хабар дод, ки то 9-уми декабри соли 2022 дар қаламрави мамлакат ҳавои сарду боронӣ пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар водиҳо борон ба барфи тар табдил мешавад, дар навоҳии куҳӣ ва наздикуҳӣ барфи шадид борида, дамои ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикуҳӣ рӯзона то ба +5 0С мерасад.

Дар робита ба ин Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хотиррасон кардааст, ки ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, нерӯи барқро сарфаҷӯёна истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *