Ду ҷоизаи филми тоҷикии «Бачаи обӣ»

Филми «Бачаи обӣ» (Water boy) дар Фестивали 4-уми байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ — «Московская премьера» ҷоизаи «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона»-ро соҳиб гардид.

Дар ин бора коргардони филм Файзулло Файзов хабар дода, афзудааст, ки филми мазкур дар бахши рақобат миёни даҳ филми хориҷӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардид.

Бояд гуфт, ки муаллифи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин ва Соро Собир иҷро кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки филми «Бачаи обӣ»-и коргардони тоҷик Файзулло Файзов дар ҷашнвораи филмҳои Авруосиё (Eurasian Film Festiva») дар Лондон ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин» (Audience Choice Award)-ро соҳиб гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *