Ҳушдори КҲФ ба ронандаҳо: Дар роҳҳо оҳиста мошин ронед!

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои 26-27-уми декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва ин борон гоҳо ба барф табдил меёбад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо истинод ба манбаи мазкур иттилоъ медиҳад, ки дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ҳамчунин дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ барфи шадид меборад. Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ коҳиши дамои ҳавои рӯзона ба 8-10 0С дар назар аст.

Инчунин, ҳавошиносон рӯзҳои 24-27-уми декабри соли 2021 дар баъзе ноҳияҳо туманро пешгӯӣ кардаанд.

Ғайр аз ин, гуфта мешавад, ки барфи тар ба хатҳои интиқоли барқ ва дарахтон мечаспад, эҳтимоли дар роҳҳо ба вуҷуд омадани барфтӯда ва ях бастани роҳҳо зиёд аст.

КҲФ ҳушдор додааст, ки барфи тар ва боди сард метавонад ба хати интиқоли қувваи барқ зарар расонад, эҳтимоли он низ вуҷуд дорад, ки дар баъзе минтақаҳо дарахтон аз вазнинии барфи тар бишкананд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои бе заруратро маҳдуд кунанд, аз корҳои саҳро муваққатан даст кашанд, ба шикоргоҳ нараванд, ба нияти ҷамъоварии ҳезум низ аз хонаҳо берун нашаванд. Инчунин, ба соҳибони мошинҳои шахсӣ тавсия дода шудааст, ки сари вақт чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд. Ҳангоми ба сафар баромадан ҳатман бо худ бел, ресмону бандҳо, фонусҳо, халтаи қум, ғизои кофӣ барои муҳлати сафар дошта бошанд. Ҳушёр бошанду дар роҳҳо оҳиста мошин ронанд.

— Кумита бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои кишвар, аз қабили Майхӯра дар минтақаи Варзоб ва 72-километрии шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ, инчунин роҳи мошингарди Душанбе-Ванҷ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардааст,- мегӯяд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *