Аввалин мактаби олии Тоҷикистон

Таъсисёбии нахустин мактаби олии Тоҷикистон – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи маориф ва илми Тоҷикистон ҳодисаи беназир ба ҳисоб меравад. Зеро ин муассисаи олии таълимӣ замоне таъсис ёфт, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи маориф ба кадрҳои миллӣ эҳтиёҷ доштанд. Бо дарназардошти ин ва фазои сиёсию идеологии давраи Шӯравӣ метавон қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар таҳкими асолати миллии халқи тоҷик нақши бориз гузоштааст.

18 июли соли 1931 дар асоси қарори Кумитаи роҳбарии муассисаҳои илмию таълимии КИМ ИҶШС аввалин мактаби олии ҷумҳурӣ бо номи Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик дар заминаи ду шуъбаи факултети педегогикаи ДДОМ — Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна: таъриху иқтисодиёт ва забону адабиёт дар шаҳри Тошканд таъсис ёфт. Аз 1 сентябри ҳамон сол донишкада фаъолияташро расман дар шаҳри Тошканд оғоз намуд. Ба гумони ғолиб аз сабаби набудани бинои мувофиқ дар Сталинобод (Душанбеи ҳозира) зарур шуморида шуд, ки фаъолияти донишкада дар Тошканд оғоз ёбад. Пас аз як сол донишкада ба пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Сталинобод мекӯчад.     

Аз рӯи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ маълум мешавад, ки нақшаи қабули донишҷӯён на камтар аз 600 нафар донишҷӯ муайян шуда будааст. Бинобар сабаби кам будани теъдоди хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, ҳанӯз маҳдуд будани мафкураи ҷомеа нисбат ба маълумотгирӣ, дурии роҳ ва ғайра, дар самти иҷрои нақшаи қабул  мушкилот пеш меовард. Аз ин рӯ зарурати ташкили факултети коргарӣ ва шуъбаи тайёрӣ пеш омад.

Нақшаи қабули донишҷӯён бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла ҷудо намудани 195 нафар донишҷӯ аз ДДОМ ва қисмати боқимондаро бошад аз ҳисоби ҷалби ҷавонони маълумотдошта, иҷро гардид. Аммо дар ҷараёни таълим на ҳамаи онҳо ба таълим фаро гирифта шуданд. Донишҷӯёни ба қайд гирифта шуда бо сабаҳои гуногун ба дарсҳо ҳозир намешуданд ва ё тарки донишкада менамуданд. Тибқи маълумотҳо соли нахустини таҳсилро донишкада бо 73 нафар донишҷӯ оғоз намудааст. Ин рақам дар соли таҳсили 1932 – 1933 ба 125 нафар расид.

Тавре маълум аст ҳар муассисаи навтаъсис дар ибтидо ба қазияҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Махсусан, дар шароити солҳои 20 ва 30-юми асри ХХ, ки дар назди давлати навташкили Тоҷикистон садҳо мушкилоти рӯзмарра меистод ҳалли ин қазия аз ҳар ҷиҳат мушкил буд. Бо вуҷуди он роҳбарияти ҳамонвақтаи Тоҷикистон ва афроди алоҳида ба монандӣ: Н.Махсум, Ш.Шоҳтемур, А.Ҳоҷибоев, Ҳусенов Мирзо, Ю.Нисормуҳаммадов ва дигарон мувофиқи имкониятҳои вазифавии худ дар таъсис ва ташакулёбии донишкада нақши муайян гузоштанд.

Яке аз мушкилоти дигари донишкада дар баробари набудани бинои мувофиқ, инчунин норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва маъмурию техникӣ ба ҳисоб меравад. Барои рафъи ин камбудӣ ба донишкада 4 нафар профессор, 8 дотсент, 16 ассисент, 14 аспирант ва 14 нафар корманди маъмурию техникӣ аз ДДОМ равон карда шуд.

Дар ибтидо нуфузи тоҷикон дар донишкада хело кам ба назар мерасид. Аз рӯйи таҳлили муаллифони китоби «Донишгоҳи омӯзгорӣ дар масири таърихи миллат», аз теъдоди нафарони дар боло номбаршуда ягон нафар тоҷик набудааст. Инчунин, аз 195 нафар донишҷӯе, ки аз ДДОМ интиқол дода шуд, ҳамагӣ 12 нафарашон тоҷик буданду халос. Бинобар навиштаи собиқ ректори донишгоҳ Ҳотам Солеҳбоев, дар солҳои аввал аз сабабе, ки бештари донишҷӯёни маҳаллӣ забони русиро намедонистанду омӯзгорони  тоҷикзабон хело кам буданд, аксари дарсҳо тавассути тарҷумонҳо мегузашт.

Масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ бештар ба назар мерасид. Махсусан маводи таълимӣ бо забони тоҷикӣ умуман вуҷуд надошт. Бо забони русӣ низ китобҳо ва барномаҳои таълимӣ басанда набуданд. Ҳамаи ин албатта ба раванди таълим монеаи ҷиддӣ мешуд. Дар солҳои минбаъда ин масъалаҳо чандин маротиба дар ҷаласаҳои давлатию ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор гирифта барои бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Донишкада дар ибтидо бояд дорои чунин шуъбаҳо мешуд: таъриху иқтисодиёт, адабиёту забоншиносӣ, физикаю техника, агрономияю биология ва педагогика. Аммо дар натиҷаи бозбинӣ ҳамаи он дар давоми соҳои 1931-1932 ба се шуъба: таъриху иқтисодиёт, забону адабиёт ва шуъбаи мактаби педагогӣ табдил дода шуд. Аввалин кафедраҳои донишкада бошад, ин кафедраҳои илмҳои таърих, иқтисодӣ, методологӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти Аврупои Ғарбӣ, кафедраи фанҳои дақиқ, фанҳои политехникӣ ва педагогика ва педология ба ҳисоб мераванд.

Тавре дар боло ишора кардем фаъолияти донишкада аз соли 1932 дар шаҳри Сталинобод оғоз ёфт. Аввалин бинои донишкада дар шаҳри Сталинобод бинобар нақли А. Пӯлодӣ дар паси собиқ бинои кинотеатри Ҷомӣ (ҳоло паҳлӯи рости муҷассамаи Исмоили Сомонӣ) ҷойгир будааст. Ба ҳудуди имрӯзааш донишгоҳ аз моҳи сентябри соли 1932 кӯчидааст. То соли 1937, аз рӯйи маълумотҳои овардаи муаррихи тоҷик Баҳодур Искандаров донишкада дар ду бинои начандон калон ҷойгир кунонида шудааст.  Бинобар навиштаи ин муаррих то соли 1937 ба ғайр аз ҳуҷраи раёсати донишкада ва ду ҳуҷраи муаллимон дигар ҳуҷраю синфхонаҳо бо қувваи барқ таъмин набуданд. Бо сохта шудани НБО Варзоб дар соли 1937 ин мушкилї то ҷое рафъ гардид. Роҳи байни мавзеи ҷойгиршавии донишкада то маркази шаҳр бошад, як роҳи оддии хокие будааст, ки ҳангоми барфу борон пур аз лой шуда, барои раҳгузарон мушкилӣ эҷод мекардааст.

Пас аз соли 1937 вобаста ба рушди шаҳрсозӣ оҳиста – оҳиста намои биноҳои таълимии донишкада тағйир ёфта то ба намуди имрӯзааш расид. Бинои таълимии №2 дар ибтидо ҳамчун хобгоҳи донишҷӯён тахминан то соли 1939 хизмат мекард. Намуди зоҳирии он баъдан ба намуди зоҳирии бинои асосӣ ва бинои №3 дар худи ҳамон сол мутобиқ карда ва пасон ба бинои таълимӣ табдил дода шуд.

Дар тӯли мавҷудияташ номи ин муассисаи таълимӣ борҳо тағийр ёфтааст. Масалан аз 6 ноябри соли 1931 донишкада бо номи Комбинати таълимии агропедагогӣ, аз 23 сентябри соли 1932 ба Академияи педагогӣ, аз 29 майи соли 1934 ба Донишкадаи педагогии шаҳри Сталинобод, аз 8 марти соли 1939 ба Донишкадаи педагогии шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко (ба ифтихори 125 солагии адиби украин Т.Г. Шевченко) табдили ном кардааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ низ номи расмии ин муассисаи олӣ якчанд маротиба иваз шудааст. Аз санаи 29 августи соли 1992 номи муассиса ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев, аз 3 январи соли 1997 бо номи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ва аз соли 2007 донишгоҳ ба номи асосгузори адабиёти муосири тоҷик – Садриддин Айнӣ номгузорӣ шуд.

Муҳлати таҳсил дар донишкада то 25 сентябри соли 1932 аз 3 сол иборат буд. Пас аз ин муҳлати таҳсил  дар донишкада 4 сол муқаррар гардид.  Аз соли 1939 бошад, дар донишкада муҳлати таҳсили 5 сола ҷорӣ гардид.

Бо вуҷуди мушкилотҳои замон донишкада тавонист дар ҷараёни маданикунонии мамлакат, ки яке аз барномаҳои асосии Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари саноатикунонӣ ва колективкунонии хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб мерафт, нақши хело бориз гузорад. Хатмкунандагони ин боргоҳи илму таълим дар он айём дар баробари пур кардани сафи омӯзгорон инчунин дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доштанд.

Давра ба давра сохтори идорӣ ва таълимии донишгоҳ вобаста ба рушди низоми давлатдорӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ такмил ва рушд намуд. Моҳи октябри соли 1933 дар назди донишгоҳ шуъбаи шабона ташкил шуд. Он аз моҳи сентябри соли 1934 ба шуъбаи ғоибона табдили ном кард.  Дар солҳои минбаъада теъдоди факултетҳо ҳам зиёд ва баъзеи онҳо борҳо тағийри ном намудаанд. Бояд қайд намуд, ки донишкада аз оғози соли таҳсили 1935 – 1936 ба низоми факултетӣ гузашт. Аз ин лиҳоз дар заминаи шуъбаҳои мавҷуда се факултети мустақил – таърих, забону адабиёт ва педагогика ташкил ёфт. Теъдоди факултетҳои донишгоҳ то имрӯз ба 15 адад расидааст. Аз ҷумла факултаи таърих (аз соли 1931 ҳамчун шуъбаи таъриху иқтисодиёт), филологияи тоҷик (аз соли 1931 ҳамчун шуъбаи забон ва адабиёт), педагогика (аз соли 1932 бо номи шуъбаи мактаби педагогӣ), математика (соли 1933), география (соли 1936), забон ва адабиёти рус (аз соли 1937 ҳамчун шуъба ва аз соли 1960 ҳамчун факултети мустақил), забони англисӣ (соли 1940), биология (соли 1957), химия (соли 1957), физика (соли 1970), технология ва соҳибкорӣ (соли 1975), романию олмонӣ (соли 1998), иқтисодиёт ва идоракуни дар соҳаи маориф (соли 2009 таъсис ёфта соли 2016 барҳам дода шуд. Аз соли 2019 факултет аз нав таъсис ёфтааст), психология ва таҳсилоти фарогир (соли 2016, дар заминаи факултети педагогика), таҳсилоти ибтидоӣ ва томактабӣ (соли 2016, дар заминаи факултети педагогика), таҳсилоти ибтидоӣ (соли 2021, дар заминаи факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва томактабӣ) ва таҳсилоти томактабӣ (соли 2021, дар заминаи факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва томактабӣ) дар таъмини кадрҳои омӯзгорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ саҳми муайяни худро мегузоранд.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар масири таърихи миллат дар баробари тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва дар  ин замина баланд бардоштани сатҳи илму маърифат, инчунин дар марҳилаҳои муҳими таърихӣ саҳми сазовори худро гузоштааст. Омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи олии кишвар дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар баробари дигар ҳамватанон аз худ матонату далерӣ нишон дода, дар сафҳои артиши Иттиҳоди Шӯравӣ мардонавор муқобили душман ҷангидаанд. Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ҷанг 19 нафар донишҷӯдухтарони донишкада ариза навишта, ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанд.  Умуман дар солҳои аввали ҷанг 106 нафар донишҷӯ, 11 аспирант ва 34 нафар омӯзгорони донишкада ба ҷанг сафарбар шуданд. Омӯзгорон – олимони ҷанговари донишкада ба монандӣ адабиётшинос Лутфулло Бузургзода, декани факултети физика ва математика К. Азизов, декани факултети филологияи тоҷик М. Ғафуров, омӯзгори фанни география О.Пистрович, муаллими фанни иқтисодӣ Ҳ.Зайниддинов, муаррихи намоёни тоҷик, академик Б. Искандаров, академик И.Обидов, профессор М.Исматуллоев, адабиётшиноси намоён А.Эшонҷонов ва даҳҳо нафарони дигар дар майдонҳои ҷанг корнамоиҳои зиёде нишон доданд. Донишкада дар солҳои ҶБВ дар ҳақиқат ба як маркази таълими ҳарбию ватандӯстӣ табдил ёфта буд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2001 бахшида ба 70 солагии донишгоҳ қайд карда буданд: «Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон донишгоҳ яке аз марказҳои тарбияи ватандӯстии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Даҳҳо нафар омӯзгорону аспирантҳо ва донишҷӯёни донишгоҳ дар набардҳо бар зидди лашкари фашизм корнамоиҳо нишон додаанд…». 

Донишгоҳ инчунин дар ташкили чандин муассисаҳои олии мамлакат нақши калон дорад. Соли 1948 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт. Соли аввали таҳсили донишгоҳ аз сабаби набудани шароти таълим дарсҳо дар биноҳои донишкадаи омӯзгорӣ гузаштанд. Инчунин аксари омӯзгорони аввалини донишгоҳи навтаъсис аз ҳисоби омӯзгорони донишкадаи омӯзгорӣ буданд. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ (бори аввал соли 1940), Донишкадаи педагогии занона (1953 — 1957), Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ (соли 1971), Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (соли 1972), Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н. Хисрав (1978), Донишгоҳи славянии Россияю Тоҷикистон (соли 1996), Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт (соли 2013) ва ғайра, дар заминаи Донишгоҳи омӯзгоӣ таъсис ёфтаанд.

Дар донишгоҳ агарчанде дар солҳои аввал мушкилоти норасоии кадрҳо зиёд ба назар мерасид ин масъала давра ба давра ҳалли худро пайдо намуд. Муддати таърихи тайшуда дар донишгоҳ бузургтарин чеҳраҳои илму ирфони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон ба монадӣ: Аббос Алиев, Бобоҷон Ғафуров, Аловуддин Баҳовуддинов, Абдуғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусензода, В. А. Танаевский, А.К. Айзенберг, К.И.Кулагин, Баҳодур Искандаров, Мулло Эркаев, Ориф Шукуров, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Холиқ Мирзозода, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Қ. Ҷӯраев, Барот Мирзоев, Л.Солиев, Ш.Мухторов,  Х.Асозода ва садҳо нафарони дигар ба ҳайси омӯзгор ва дар вазифаҳои маъмурӣ, фаъолият намудаанд.

 Муддати 90 соли мавҷудияти донишгоҳ дастпарваронаш чун чеҳраҳои намоёни илму адабиёт ва ходимони сиёсию ҷамъиятӣ дар миёни мардум эътироф гардидаанд. Дар ин қатор метавон номи чанде аз онҳоро ба ёд овард. Олимон: Н.Маъсумӣ, А. Мухторов, М. Исматуллоев, М. Эркаев, Х. Мирзозода, А. Эшонҷонов, Қ. Ҷӯраев, Л. В. Успенская, Ю. Бобоев, Т.Пӯлодӣ, О.Маҷлисов, О.Шукуров, К. П. Гаврилкин, Я. Исоев, Ф. П. Репа, М. Хонсуварова, А. Кавраков, М. Назаршоев, Р. Амонов, С. Табаров, М. Шакурӣ, М. Лутфуллоев, Н. Нурҷонов, Р. Юсуфбеков, В. Асрорӣ, И.Обидов, С.Бандаев, Ҳ.Пирумшоев, М.Шерғозиев, Ҷ.Бобокалонова, П.Ҷамшедов, Н.Салимов ва дигарон. Адибон: Боқӣ Раҳимзода, Қ. Киром, Ғ. Мирзо, У. Раҷаб, Н. Розиқ, А. Бобоҷон, Ф. Ансорӣ, Б. Ҳоҷӣ, З. Ибод, Л. Шералӣ, Ш. Ниёзӣ, М. Бахтӣ, З. Абдулло, К. Мирзоев, М. Ҳотам, О. Исматӣ, Н. Яздон, С. Шоҳонӣ, К. Насрулло, Ӯ. Кӯҳзод, А. Самадов, И. Насриддинов, Ғ. Сафарзода, Ш. Аҳтамзода, Б. Насриддинов, А.Шарифӣ, Ҳ.Файзулло, М.Сайдар, С. Ғаффор, П. Ҳабиб, Ҳ. Раҳмат, А. Раҳмон ва ғайра.

Ходимони сиёсию ҷамъиятӣ: Рустамбек Юсуфбеков, Махфират Каримова, Б. Додихудоева, Сайдамир Зуҳуров, Зокир Вазиров, М. Назаршоев, Руқия Қурбонова, Бобохон Маҳмадов, Хайриддин Абдураҳимов, Шодӣ Кабиров, Мунира Иноятова, Сафаралӣ Раҷабов, Х. Хидиралиев, Д. Ашӯров, Ниёз Сафаров, Мелик Мирзоев, Н. Латипов, Нуриддин Саид ва даҳҳо нафарони дигар. Хатмкунандагони донишгоҳ Ҳабиба Каримова ва Муҳаббат Маҳмудова аз нахустин муаллимаҳое мебошанд, ки ба унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ сарфароз шудаанд.

Дар рушду такомули донишгоҳ албатта нақши роҳбарони он ҳам калон аст. Эшон ҳар яке дар замони роҳбарии хеш мувофиқи имкон тавонистанд дар пешрафти кори донишгоҳ саҳми муайяни худро гузоранд. Аввалин сарвари донишкада В. И. Виртуозов мебошад. Абдуҳамид Пӯлодӣ бошад дуюмин сарвари донишкада мебошад, ки аз декабри соли 1931 то нимаи аввали соли 1932 ва бори дуюм солҳои 1934 – 1935 адои вазифа намудааст.

Аммо дар ин миён бо хизмати содиқона номи сарварони донишгоҳ Ориф Шукуров (бори аввал солҳои 1943 – 1953, бори дуюм солҳои 1961 – 1970), Қандил Ҷӯраев (бори аввал солҳои 1970 – 1979, бори дуюм солҳои 1988 – 1990) ва Худойназар Асозодаро (2005 – 2008) метавон махсус қайд намуд. Аз рӯи нақли омӯзгорони солманд ва шоҳидони дигари вақт, даврони роҳбарии О. Шукуров ва Қ. Ҷӯраев давраи гул-гул шукуфии донишгоҳ будааст.

Ҳоло донишгоҳ зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ аз паи эҷоди муваффақиятҳои калон мебошад. Айнӣ ҳол дар донишгоҳ ҳайати калони устодон, иборат аз 75 доктори илм, профессор, 170 номзади илм, дотсент, 123 номзади илм, муаллими калон ва 641 омӯзгорони беунвон фаъолият доранд. Донишҷӯёни донишгоҳ таи чанд соли охир аст, ки дар тамоми озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он ба комёбиҳои беназир ноил мегарданд. Агар танҳо панҷ соли охирро ба инобат гирем дар олимпиадаи байни муассисаҳои олии касбӣ чунин натиҷаро мушоҳида мкунем: дар соли 2017 — 4 нафар, соли 2018 — 4 нафар, соли 2019 — 5 нафар, соли 2020 — 5 нафар ва соли 2021 — 6 нафар донишҷӯён сазовори ҷойҳои намоён шуданд. Соли сеюм мешавад, ки устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.

Дар мусобиқаҳои варзишӣ низ донишҷӯёни донишгоҳ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба музаффариятҳои зиёд ноил гардиданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ин самт донишгоҳ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ соҳиби комёбиҳои зиёд гардида буд. Танҳо зикри номи чемпиони ИҶШС ва ҷаҳон Зебунисо Рустамова басанда аст, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ варзишгарони донишгоҳ аз ҳисоби донишҷӯён ба монандӣ: Афсаҳов Шаҳром (бокс), Алиев Алӣ (гулӯлупартоӣ), Қаюмзода Абумуслим (гӯштини миллӣ), Холдорова Дунё (давидан), Одинабой Ҳукуматалӣ (гӯштини Самбо), Юнусов Муҳаммад (шоҳмот), Аҳдияи Иброҳим (шоҳмот) ва садҳо нафарони дигар борҳо номбадори донишгоҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ шудаанд. Инчунин дастаҳои футбол, валейбол, шоҳмотбозони донишгоҳ борҳо соҳиби натиҷаҳо назарррас дар мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ гардидаанд.

Имсол аз таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 90 сол пур шуд. Донишгоҳ давоми ин муддат тавонистааст рисолати хешро барои миллат анҷом диҳад. Аммо ҳанӯз ҳам ҳайати олимону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ якдилона барои тадбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати мидллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, барои сарфарозии миллат талош менамоянд.

Н.У. Ғаффорӣ,

ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ,

доктори илмҳои таърих, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *