Ҳушдори КҲФ: Гармои шадид то охири моҳ боқӣ мемонад!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ҳушдор медиҳад, ки то охири моҳи июли соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои гарму бебориш боқӣ мемонад.
Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо ба +40+45, минтақаҳои ҷануби кишвар то ба +47 дараҷа мерасад.
Гармои шадид ва бесобиқа дар ноҳияҳои наздикуҳиву куҳӣ низ боқӣ мемонад. Бино ба гузориши ҳавосанҷон, дамои ҳаво дар ин манотиқ ба 37+40 дараҷа, дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то ба 42+44 дараҷа мерасад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд.
Кумита аз сайёҳон ва ташкилотҳои гардишгарӣ хоҳиш кардааст, ки бо назардошти вазъ дар соатҳои ҳаракатҳои худ ба самтҳои ёдшуда тағйирот ворид кунанд.
Ҳамчунин, аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми чорвочаронӣ дар доманакуҳҳо, моҳидорӣ, ҷамъоварии алафҳои доруворӣ ва ғайра эҳтиёт кунанду ҳамеша ҳушёр бошанд. Чун, маъмулан селҳо ногаҳонӣ меоянд ва сокинонро ғофилгир мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ