Тағйироти кадрӣ дар шаҳри Норак
Насиба Фароғатзода муовини раиси шаҳри Норак таъин гардид. Ӯ то таъин шудан ба ин вазифа, директори гимназияи давлатии №1-и ҳамин шаҳр буд.
Ин тағйирот дар асоси розигии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Фароғатзода Насиба Давлатбек 5 апрели соли 1990 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 2012 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Донандаи забони русӣ ва англисӣ мебошад. Ӯ аз соли 2012 то соли 2016 омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар чанд муассисаи таълимӣ буд. Аз сои 2016 то 2025 директори гимназияи давлатии №1- ва як муддат мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак ҳам буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ