Ҳайати Амонатбонк дар Чин. Аз ҳамкорӣ то пешниҳод
Рӯзҳои 1-2 апрели соли равон ҳайати кории Амонатбонк таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар шаҳри Хайкоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, иштирок ва маърӯза намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти ҳама бонкҳои аъзои Иттиҳод иштирок доштанд. Илова ба ин, дар рафти баргузории чорабинӣ ҳайати Амонатбонк дар якҷоягӣ бо намояндагони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ масъалаҳое, ки дар Рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, таҳия намудани матни лоиҳаи «Баёнияи муштараки бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии СҲШ», васеъ намудани шумораи бонкҳои аъзо, афзоиши чорабиниҳо дар самти табодули таҷриба байни бонкҳо ва мувофиқа кардани санаи баргузории ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзо баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.



Пас аз ба итмом расидани қисмати асосии ҷаласа, мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс бо муовини раиси Бонки давлатии рушди Хитой Вэн Вэйдун, муовини раиси Элдик Бонки Ҷумҳурии Қирғизистон Жакипова Айчурек Жакиповна ва муовини раиси Бонки миллӣ ва фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Мирдовидов Бахтиёр Қобилович баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Амонатбонк ва бонкҳои мазкур дар самтҳои мухталиф, аз қабили табодули таҷриба ва маблағгузории савдо барои рушд додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс низ пешниҳодҳои бонкҳои шарикони рушдро бо хушнудӣ пазируфта, омодагии ҳамаҷонибаи Амонатбонкро дар дилхоҳ самтҳои манфиатнок иброз намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ