Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Дар километри 31-уми роҳи «Хоруғ — Ишкошим», дар мавзеи Барҷир лағзиши тарма ба амал омад.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, кормандони вазорати нақлиёт аллакай қитъаи роҳро тоза намуда, ҳаракати нақлиётро барқарор карданд.
Бо вуҷуди ин, бо сабаби вазъи номусоиди ҳаво ва релефи кӯҳӣ, хатари лағзиши тарма ва сангрезӣ дар манотиқи кӯҳии кишвар, аз ҷумла Бадахшони Ғарбӣ ва шимоли вилояти Суғд, боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват мекунад, ки аз сафар ба қитъаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ