Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинону сайёҳон (аудио)

Аз 3-юм то 10-уми майи соли равон хавфи боришот ва омадани сел дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла Хатлон пешгӯӣ шудааст.

Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба шаҳрвадони ҷумҳурӣ, сайёҳон, онҳое, ки дар ноҳияҳои куҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба баландкуҳҳо, дарёҳо, мавзеҳои сайёҳӣ даст кашанд.

“Ҳамзамон, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки то ҳадди имкон дар чунин рӯзҳои боронӣ аз сафар аз тариқи роҳҳои куҳӣ ва хатарнок, ҷамъоварии ҳезум ва шикор намудан дар баландкуҳҳо худдорӣ карда, барои назорат ва пешгирии кӯдакон аз ҷӯйбору дарёҳо, тоза намудани селроҳаву ҷӯйборҳои кӯчаю маҳаллаҳо чораҳои пешгирӣ андешанд”,- омадааст дар иттилояи кумита.

Ба чорвопарварон таъкид карда мешавад, ки молҳои худро дар ҷойҳои бехавф нигоҳдорӣ намуда, аз роҳҳои хатарноки баландкуҳҳо истифода набаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *