Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Скопйе сафар кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА тариқи транзит тавассути Истанбул ба Македонияи Шимолӣ сафар кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мо аз 19 бозигар иборат аст. Дар мусобиқаи рушди УЕФА, ки аз 3 то 8-уми май дар Скопйе баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Македонияи Шимолӣ (3-юми май), Гондурас (5-уми май) ва Косово (8-уми май) бозӣ мекунад. Рақобатҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила гузаронда мешаванд.

— Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастаи Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегардад ва дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки аз 11 то 21-уми май дар назар аст, ширкат хоҳад кард,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *