Ҳуввияти миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ
Саразми бостонӣ ифтихори тамоми мардуми тоҷик буда, ин ёдгории беназири таърихӣ миллати моро ҳамчун меросбари яке аз тамаддунҳои куҳан ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёдгории Саразм таваҷҷуҳи хоса дошта, натиҷаи ҳамин саъю талошҳо буд, ки дар ин ёдгории беназир корҳои зиёди тадқиқотӣ, таҷдиду тармим ба анҷом расида, он ба яке аз бузургтарин ёдгории тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон ва макони сайру саёҳати сайёҳону ҷаҳонгардон табдил ёфтааст.
Таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ имконият фароҳам овард, ки муаррихон ва бостоншиносон ба ин ёдгории беназири таърихӣ бо диду назари нав ва тоза, андешаи дигар ба шинохти он шурӯъ намоянд.
Олимону устодони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили ҷашни 5500 — солагии Саразми бостонӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Олимони донишгоҳ бахшида ба ин ҷашн ду маҷмӯаи бузургҳаҷмро таҳти унвони “Саразм – ганҷинаи тиллоии тамаддуни тоҷикон” ва маҷмӯаи дуюмро зери унвони “Саразми бостон, Панҷакенти қадим ва навин” бо ҳамкории шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба нашр омода намуданд.
Дар донишгоҳ бо ташаббуси устодон конфронсҳо, ҳамоишҳои илмӣ, мизи мудаввар баргузор гашта, дар онҳо ҷанбаҳои гуногуни таърихи бозёфт, омӯзиш ва таблиғу ташвиқи ин ёдгории нодир мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шуданд.
Яке аз натиҷаҳои назарраси фаъолияти олимони донишгоҳ дар омӯзиши Саразми бостонӣ ин иштироки бевоситаи муҳаққиқону донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ дар якҷоягӣ бо олимони Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар ҳафриётҳои бостоншиносӣ мебошад.
Бостоншиносон ва донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ дар Саразм ду мавсим – соли 2019 ва соли 2020 таҷрибаомӯзии археологӣ-этнографии саҳроиро гузарониданд.
Донишҷӯён дар ҳафриёти археологӣ ва корҳои тармиму азнавсозии ёдгориҳои қадимаи Саразм таҳти роҳбарии олимони бостоншинос, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бостоншиносони варзида, доктори илмҳои таърих, профессор С. Бобомуллоев ва корманди калони илмии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм номзади илмҳои таърих А. Раззоқов таҷриба омӯхта, аз донишу малакаи олимони бостоншинос баҳра бурданд.
Таҷрибаомӯзӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ, илмӣ, амалӣ гузашта, барои донишҷӯён мактаби шавқовар ва муҳими илмӣ гардид. Дидани ёдгории нодири Саразм, иштироки бевосита дар ҳафриёт барои донишҷӯён ҳодисаи хотирмон ва фаромӯшношуданӣ буд.
Имсол низ тибқи нақша 50 нафар донишҷӯён дар ду марҳила — 1-12 август ва 22 август — 1 сентябри соли 2020 дар ҳафриёти Саразм ва тармиму таъмири объектҳои археологӣ иштирок карда, дар омодагӣ ба ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ саҳми муносиби худро гузоштанд.
Ҷамшед Ҷӯразода,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ