Ҷӯрабой Қурбонов: Тӯбдӯзӣ таваҷҷуҳ мехоҳад
Ҷӯрабой Қурбонов, як сокини шаҳри Бохтар, ки ба дӯхтани тӯби футбол машғул аст, мегӯяд, ки барои тавсеи ин ҳунар ба дастгирӣ ниёз дорад.
Бо ин мард имрӯз дар шаҳри Бохтар тасодуфан шинос шудам. Ҷӯрабой Қурбонов ном дорад ва дар як дӯкони хурдакаке, ки дар терминали марказии шаҳри Бохтар ҷойгир аст, ба тарошидани санги мазор машғул аст. Тӯбдӯзӣ шуғли дигари ӯст.
Аз ӯ суол кардам, ки ҳунари тӯбдӯзиро аз куҷо омӯхт? Посухи ӯ чунин буд:
-Соли 2018 аз телевизион истеҳсоли тӯби футболро дар кишвари Покистон нишон доданд. Дар ин барнома гуфтанд, ки дар Покистон тӯпҳои футболро барои беҳтарин дастаҳои футболи ҷаҳон дастӣ омода мекунанд, ки хеле арзиши баланд доранд. Аз ҳамон лаҳза ба зеҳнам омад, ки чаро мо чунин корро карда наметавонем. Ман беш аз 20 соли ҳаёти худро сарфи соҳаи бофандагию ресандагӣ кардааму аз ин соҳа огаҳии хуб дорам, бинобар ин, қарор додам, ки дар дӯхтани тӯб худро санҷам. Ба Корхонаи чарми шаҳри Душанбе рафтам ва он ҷо боқимондаҳои чарме, ки барои онҳо ҳамчун партов ҳисоб мехӯрад харидорӣ карда овардам ва ба дӯхтани тӯбҳои футбол оғоз кардам. Аз тобистон то имрӯз 13 тӯби футболи гуногун дӯхтам.
Ҷӯрабой Қурбонов мегӯяд, ки тӯбҳои ӯ арзиши зиёд надоранд, вале сифаташон хуб аст. “Арзиши тӯбҳои ман бо изофаи ҳаққи корам бештар аз 100 сомонӣ мешавад” – мегӯяд ӯ.
Ин тӯбдӯзи тоҷик мегӯяд, ки бо сабаби набудани шароит наметавонад, тӯби ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ дӯзад.
-Дар тӯбсозӣ стандартҳои байналмилалие ҳаст, ки мутаассифона, бо баъзе сабабҳо тӯбҳои ман фарқ мекунанд. Масалан, мувофиқи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии футбол тӯби дамнокарда бояд 380 грамм бошад ва вақте онро дам мекунӣ бояд 450 грамм шавад. Аз мо бошад, аз 380 то 400 грамм вазн доранд, ки мутаассифона ба стандартҳои ҷаҳонии футбол рост намеояд. Ин фарқ аз ҳисоби камераи тӯб мебошад. Ман хеле омӯхтам сифатҳои тӯби футболро. Барои бо ин меъёру стандарт омода кардани тӯб, дастгирӣ ва пуштибонӣ лозим аст.
Ҷӯрабой Қурбонов мегӯяд, ки барои рушди ин соҳа дар Тоҷикистон бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
-Бубинед, ки мо чӣ қадар мактабҳо, аз ҷумла, мактабҳои варзишӣ дорем ва ё дастаҳои бачагона дорем. Барои онҳоро бо тӯби футбол таъмин кардан аз хориҷа тӯб мехарем. Агар моро дастгирӣ кунанду мо истеҳсоли тӯбҳоро ба роҳ монем, ҳам ҷои кор мешавад, Илова бар ин, метавонам шогирдонро омӯзонам., — мегӯяд ӯ.
Ӯ пешниҳод дорад, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ӯ ҳамкорӣ кунад. Умед дорем, ки ин ниҳоди муътабари варзиш ва мақомоти вилояти Хатлон ин ҳунарманди тоҷикро, ки бори нахуст истеҳсоли тӯби футболро дар кишвар ба роҳ мондааст, дастгирӣ хоҳанд кард.
Яҳё Маҳмаднабиев
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ