Шабнам раиси шаҳрро бо зодрӯзаш табрик гуфтааст

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона зодрӯзи раиси пойтахти Тоҷикистон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалиро шодбош мегӯянд. Аз ҷумла ситораҳо низ канор намондаанд
Тавре “Спутник”овардааст,Шабнами Сурайё, овозхони номии тоҷик бо нашри паёме дар саҳифаи Инстаграм зодрӯзи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллиро шодбош гуфтааст.
Ӯ дар ин паёмаш барои «заҳматҳои раиси пойтахт изҳори сипос» низ кардааст.
«Милодруз бар сиёсатмадори ҷавон, фарзанди баруманди Ватан, раиси пойтахти кишвар, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фараҳмандиву эҳтироми баланд самимона таҳният мегуям. Сипосу ҳамд барои ҳама заҳматҳои бешумор дар роҳи ободонӣ ва замонавиву назаррабо сохтани пойтахти азизамон», — омадааст дар номаи шодбошии Шабнами Сурайё

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *