Ҷаҳиши нарх дар Хуҷанд. Соли нав омаду харидор нигарон!

Ананас ва мандарин — ду намуди мевае, ки давоми сол танҳо дар моҳи декабр, арафаи Соли нав харидоронашон зиёд мешаванд. Аммо арзиши онҳо имрӯз дар бозор ба таври рекордӣ боло рафтааст. Донаи ананас 65 сомонӣ ва як кило мандарин 10-15 сомонӣ арзиш дорад, ки бештари сокинон аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ду баробар қиммат

Хабарнигори “Тоҷикистон” дар вилояти Суғд бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз нарх дар арафаи Соли нав ва суҳбат бо фурӯшандагону харидорон ба бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд рафт. Чанде аз фурӯшандагон сабаби якбора гарон шудани ананасу мандарин ва дигар намуди меваро ба кам воридот шудан вобаста карданд. Бино ба гуфтаи онҳо, соле қабл ананас ҳамагӣ 30-35 сомонӣ ва мандарин 6-8 сомонӣ арзиш дошт. Ҳоло, бинобар кам шудани воридот аз Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон нарх қариб ду баробар боло рафтааст.

Фурӯшанда:

Ҳосил зиёд шавад, арзонӣ — кам шавад, қимматӣ…

Кибриё Бобоҷонова беш аз 20 сол мешавад, ки дар бозори марказии Панҷшанбе ба фурӯшандагӣ машғул аст. Вай мегӯяд, ки соли равон на танҳо арзиши ананас, балки дигар тармеваҳо низ ба таври рекордӣ боло рафт. Сабаб сармо задани ҳосили тармеваҳо аст. Масалан, арзиши ангур аз 5-6 сомонии соли гузашта ҳоло то ба 30 сомонӣ расидааст. Хурмо бошад, аз 3 сомонии соли қаблӣ ҳоло 15 сомонӣ арзиш дорад. Имсол аз сармову хунукзанӣ асосан ин ду намуди тармева камчину гаронарзиш гардид. Болоравии нархи тармеваҳо дар бозор ҳамасола ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолатро бахусус дар арафаи Соли нави мелодӣ, ки харидорон нисбатан зиёд мегарданд, мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо ин гароншавӣ дар арафаи Соли нави имсола то ҷое мардумро низ нигарон кардааст.

Харидор дар ҳайрат аст

Хайринисо Бобоҷонова нафақагири 72-сола аст. Вай сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Имрӯз барои харидории сабзавоту дигар маҳсулоти зарурии рӯзгор ба бозор омадааст. Аммо қимматии маҳсулоту нарху навои имрӯзаро дида, дар ҳайрат мондааст. Зимни суҳбат холаи Хайринисо ба мо гуфт, ки дар як моҳ ҳамагӣ 380 сомонӣ нафақа мегирад. Вай гуфт, ин миқдор маблағ барои рӯзгор бе харидани тармеваҳои гаронарзиш ҳам, то моҳи дигар кифоягӣ намекунад. Зеро вай 7 моҳи охир ба нигоҳубини шавҳари бемораш машғул буда, барои табобати ӯ низ бояд қисме аз нафақаи худро ҷудо кунад. Ин нафақагир мегӯяд, ки дар арафаи Соли нав боло бурдани арзиши маҳсулот, бахусус тармева аз рӯйи инсоф нест. Зеро кӯдакону наврасон ин намуди мевагиҳои тропикиро дӯст медоранду соле як маротиба барои харидории онҳо интизорӣ мекашанд. 

Фарзона ШАМСИЕВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *