Хонандагон ба таътил мебароянд

Аз 1-уми январи соли 2024 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31-уми декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. 11-уми январ дар тамоми мактабҳо дарс оғоз мегардад.

Таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ ҷалб мешаванд.

Дар ин давра дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, ки хонандагон ба онҳо омодагӣ мегиранд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *