Ҷаҳонгир Тоиров: Орзуи ман ба UFC расидан аст
Хабар расид, ки паҳлавони қавибозуи тоҷик Ҷаҳонгир Тоиров дар ИМА дар вазни 77 кг бо мағлуб кардани се нафар унвони қаҳрамонӣ ба даст овардааст. Ӯ дар як суҳбат бо мо ҷузъиёти ин қаҳрамонии фараҳбахшро кушод.
— Ҷаҳонгир, боз як ғолибияти назаррас муборак бошад! Эҳсосатон аз ин муҳориба чӣ гуна аст?
— Ташаккури зиёд. Аз иштирок ва ғолибият дар мусобиқоти НАГО, ки дар Денвери Колорадо гузашт, ифтихор дораму беандоза рӯҳбаландам.
— Замина ва ё омилҳои чунин ифтихорро метавонед номбар намоед?
— Аввалан, бо Ватан фахр мекунам, зеро қадамҳои аввалинро ба варзиш маҳз дар ҳаминҷо гузоштаам. Дар риштаи муҳорибаҳои юнону румӣ машқ мекардаму ба ММА, ба толори варзишии “Динамит” даъват карданд, ки таҳти назорати Аъзам Хокиров ва Аҳтам Хокиров тамрин намудам. Ин қадамҳои аввалини ман буд барои ба мусобиқаи дохилии Тоҷикистон роҳ ёфтану муваффақ гаштан ва баъдан оғоз кардани фаъолият дар Осиёву берун аз марзи кишвар.
Аз устодони варзиш, бародоран Хокировҳо миннатдорам, ки маро ба чунин сатҳ расониданд.
— Қаблан, пеш аз музаффариятҳо, чӣ шуморо барои машғул шудан ба варзиш ангеза медод?
— Ман мутаваллиди соли 1993, хатмкардаи гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳастам. Қаблан дар риштаҳои дигари варзиш ҳам худро санҷидаам. Аввал ба тамрини футбол машғул шудам. Аз 13-солагӣ бо футбол хайрухуш кардаму ба тамрини бокс пардохтам ва то 16-солагӣ дар ин самт фаъолият намудам. Баъдан ба хулосае омадам, ки баробари омӯхтани усулҳои бокс бояд аз усулҳои гӯштин ҳам бохабар бошам. Ҳамин тавр, тӯли се сол усулҳои гӯштини юнону румиро, ки варзишгарро аз ҳар ҷиҳат обутоб медиҳад, аз худ кардам. Дар ин роҳ маро мураббии кордони ин самти гӯштин Беков Фаррух роҳнамо буд.
— Аз кай ба мусобиқаҳои байналмилалӣ роҳ ёфтед?
— Сар аз соли 2013 Аҳтам Хокиров ба маҳорати муштзаниву гӯштингириям таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд ва толори самбои муҳорибавӣ дигар ба хонаи дувуми ман табдил ёфт.
Моҳи ноябри соли 2017 шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон макони баргузории Гран При оид ба самбои муҳорибавӣ интихоб шуд. Қатори дигар варзишгарони тими мунтахаби Тоҷикистон ман ҳам ба ин мусобиқаи байналмилалӣ сафарбар гаштам. Бо роҳбарии Аҳтам Хокиров дастаи Тоҷикистон ба ин ҷо сафарбар шуд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарони кишвар дар рақобатҳои инфиродӣ соҳиби 8 нишон — 3 нишони тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Муаллифи яке аз нишонҳои тилло ман будам, ки бо шикаст додани 2 рақиб (Санҷар Қодиров — Ӯзбекистон ва Сангал Жапаров — Қирғизистон) барандаи медали тилло гаштам. Ин аввалин медали тиллои ман аз мусобиқоти байналмилалӣ маҳсуб мешуд.
Мусобиқоти ММА миёни варзишгарони касбӣ моҳи марти соли 2019 дар Ҷумҳурии Доғистони Русия доир гашт. Ин мусобиқа варзишгарони касбии ММА-ро барои дарёфти камарбанди каҳрамонӣ гирди ҳам оварда буд. Дар ин мусобиқа 350 варзишгар аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Украина ва Тоҷикистон миёни ҳам дар вазнҳои гуногун ба ҳашткунҷа баромаданд. Ман дар вазни то 65 кг баромад намуда, рақибони хешро мағлуб кардам.
Набарди қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба греплинг моҳи феврали соли 2021 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия доир гашт. Ман бо вазни 68 кг баромад намуда, аз навъи греплинг ҳам қувваи худро санҷидам ва 3 ҳарифи худро мағлуб карда, дар зинаи аввал қарор гирифтам.
— Ҳоло чӣ ният доред?
— Акнун мехоҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ дар мусобиқаҳо иштирок кунам ва орзуи ман ба UFC расидан аст.
Мусоҳиб: Назрӣ МУРОДОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ