Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод даргузашт

Нависандаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Муҳиддин Хоҷазод дар синни 86 солагӣ аз олам даргузашт.

Дар бораи марги нависанда Маъмури Юсуфзод, сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод.

“Устод Муҳиддин Хоҷазод бо азму иродаи қавии эҷодӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, тарғиби беҳтарин анъанаҳои насрнависӣ ва сохтмонҳои бузурги аср – Нерўгоҳҳои обии барқии «Норак», «Сангтўда» ва «Роғун», баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти мардум, тарбияву камолоти насли ояндасоз нақши бориз ва арзанда гузоштаанд” – навиштааст, номбурда.
Муҳиддин Хоҷазод дар тӯли чиҳил соли фаъолияти эҷодӣ чун нависанда ва драманавис зиёда аз 12 асари бадеӣ, як силсила филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардааст.
Гулчини ҳикояву қиссаву романҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Вместо извинения» (1967), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об – рӯшноӣ» (1976), «Вода к добру снится» (Маскав, 1981), «Нанг ва номус» (1982), «Вода – свет» (Киев, 1983), «Роҳи Роғун дигар аст» (1984), «Что было, то было» (1985), «Кӯҳ бе варта нест» (1987, 2003) дастраси хонандагон гардида, филмномаҳои «Оташи зери хокистар» («Тоҷикфилм», 1965), «Асрори ниёгон» («Тоҷикфилм», 1970), «Сайди охирин» (1972) ва «Ошёни уқобон» (1974) пешкаши ҳамагон гардидаанд.
Солҳои охир ба эҷоди драма ҳам шуғл варзидааст. Драмаи аввалинаш «Об – рӯшноӣ» соли 1985 дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский саҳнагузорӣ шудааст. Баъдан драмаҳои «Бандаи нафс» (1986), «Офат» (1987), «Самаки Айёр» (1988), «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст» (1989), «Саодати васл» (1995), «Садди Сайҳун» (1997)-ро ба қалам овардааст, ки чанде аз онҳо сазовори ҷоизаҳо гаштаанд.
«Романи сегона» (2008), романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» (2011) ва «Аз нишебӣ то фарозиҳо» (2014) аз чоп баромадаанд.
Баъзе аз асарҳояш ба русӣ, украинӣ, литвонӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
Силсилаи мақолаҳои публитсистии ӯ дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳои марказиву вилоятӣ ба табъ расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *