Ҷаҳонгир Зарипов: “Намехоҳам ба касе монанд бошам”

Ҳунарманди саршинос ва маҳбуби ҳазорҳо шунаванда Ҷаҳонгир Зарипов, ки бо рӯзноманигорон ниҳоят кам ҳамсуҳбат мешавад, ин навбат бо мо доир ба ҳаёт, кор, шоу-бизнес, гаронтарин суруд, тарсу нофаҳмӣ, арзишу арҷгузории санъат дар кишвар ва умуман ҳама паҳлуҳои зиндагиаш гуфтугӯи ошкоро кард, ки инак, манзури хонандагон мегардад.

— Аз миёни ҳунармандони тоҷик шумо аз камтарин нафароне ҳастед, ки бо рӯзноманигорон кам суҳбат мекунед, чаро чунин аст?

— Аслан дар мо рӯзноманигори ҳақиқӣ кам мондааст, ҳангоми мусоҳиба бештарашон саволҳои обшуста медиҳанд. Масалан, аз устоди аввалу хӯроки дӯстдошта пурсон шудани журналист хеле дилгиркунанда аст. Бо рӯзноманигорони воқеӣ, ки ҳам худ ва ҳам моро қадр карда, ба мусоҳиба омода мешаванд, ҳатман суҳбат мекунем.

— Чаро дар бораи шумо маълумот ниҳоят кам аст?

— Дар мавриди зиндагии шахсӣ ва вазъи оилавиям намехоҳам иттилое нашр кунам, тавре мегӯянд, хушбахтӣ оромию хомӯширо талаб мекунад. Доир ба корҳои эҷодиам бошад, дар интернет, дар радиоҳо ва телевизионҳои дохиливу хориҷӣ то қадри имкон маълумот ҳаст.

— Чӣ гуна шуд, ки роҳи душвори санъатро интихоб кардед?

— Ростӣ, аз хурдӣ падарам бисёр мехостанд, ки овозхон шавам, аммо он вақт интихоби ин пеша дар фикру хаёли ман набуд. Пасон, соли 2011 вақташ расид ва ба хулосае омадам, ки роҳи падарам Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зариповро идома диҳам. Шукр, то ҳол давом дода истодаам.

— Агар сароянда намешудед, интихоби дигарро падаратон чӣ гуна қабул мекарданд?

— Фикр мекунам, ки маҷбур намекарданд, чунки барои волидон озодии фарзанд ва мустақилияти ӯ дар ҷойи аввал меистад. Онҳо мехоҳанд фарзанд номашонро баланд бардорад ва дар роҳи рост бошад, дигараш аҳамият надорад.

— Дар пайраҳаи тай кардаи шумо чӣ монеаҳо вуҷуд доштанд?

— Албатта, ҳар интихоби мо дар худ душвориҳои зиёд дорад. Дар соҳаи мо пул нақши калон дорад ва дар аввали роҳ аз ин ҷиҳат танқисӣ буд, зеро дастгирии молиявӣ қариб, ки надоштем.

— Санъаткорӣ пешаи шумо аст, бигӯед, ки аз рӯи ихтисос чӣ касб доред ва оё расман фаъолият мекунед?

— Ман хатмкардаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос ҳастам, вале ҳоло аз рӯи ихтисосам фаъолият намекунам.

— Шуморо дар интернет ҳамеша хандон ва пуртабассум мебинем, оё ҳамеша чунинед?

— Мо, санъаткорон ҳамеша кӯшиш мекунем, ки ба мухотабон хурсандиву хушҳолӣ бахшем. Яъне, мушкили мо ба онҳо дахле надорад ва бояд ҳамеша бо чеҳраи кушод дар хизмати мардум бошем. Мушкилотамонро дар алоҳидагӣ ҳал мекунем.

— Ҳаҷвнигор ва “стендапер”-и шинохта Ҳабибҷон Баҳриддинов дар як барномаи консертиаш ба шумо нигоҳ карда, чанд шӯхӣ мекунад, ки ҳам тамошобинон ва ҳам шумо бисёр механдед. Оё аз суханони ӯ пешакӣ огоҳ будед?

— Огоҳ набудам, намедонистам, ки чунин намешавад. Ман шӯхиҳои Ҳабибҷон Баҳриддиновро хуш қабул мекунам, ӯ бисёр истеъдоди хуб дорад. Бархеҳо овоза карданд, ки гӯё ман ба Ҳабибҷон пул дода бошам барои шӯхиҳояш (механдад).

— Дар зиндагӣ аз чӣ метарсед?

— Аз даст додани саломатии наздиконам. Мехоҳам ҳамеша падару модар, апаву хоҳар, зану фарзандонам сиҳат бошанд. Дигар ҳамааш мешавад.

— Кадом корҳо шуморо хаста мекунанд?

— Вақте ки ба як нафар бовар мекунӣ, вале аз он ҷониб ханҷар мезананд, бисёр хаставу ранҷур мешавӣ. Ҳамзамон, одамони дурӯяро бад мебинаму суҳбат бо онҳо маро хаста мекунад.

— Чанд маротиба аз интихоби сарояндагӣ пушаймон шудаед?

— Вақте мебинам, ки баъзе ба ном сарояндагони мо сурудҳои нохуб нашр мекунанд ва қисме онҳоро дастгирӣ карда, пайравӣ мекунанд, то андозае дилхунук мешавам, вале чун таваҷҷуҳи мухлисонамро эҳсос мекунам, пас мегардам аз фикрҳои бад ва аз пайи эҷоди сурудҳои нав мешавам.

— Оё меарзад, ки пурра умратонро ба овозхонӣ бахшед?

— Албатта, меарзад, вале ояндаро пешгӯи карда наметавонам. Намедонам, ки рӯзи дигар ба сарам чӣ меояд ва чӣ рух медиҳад.

— То имрӯз чанд суруд ва албом омода кардед?

— Сурудҳоямро ҳисоб накардаам, вале дақиқан шумораашон аз 50 гузаштааст ва ду албом дорам.

— Чаро то ҳол консерти яккаи худро барпо накардаед?

— Чанд соли охир нақша доштем, ки консерт монем, аммо нашуд. Ман ният дорам консерти зинда ва дар сатҳи баланд монам, вале барои чунин барнома хеле кор кардан лозим меояд. Аз ҷониби дигар, бо сабаби ҳама суруду таронаҳо тариқи интернет зуд дастрас шудан, шавқи мардум ҳам ба консерт омадан хеле кам шудааст.

— Матнҳои сурудҳои шумо шуниданиянд ва шоҳид ҳастем, ки мардум хуб қабул мекунанд. Бо кадом шоирон ҳамкорӣ мекунед?

— Аз эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Сайдалӣ Маъмур, Орзу Исоев, Фурқати Низом ва дигарон истифода кардаам.

— Доир ба шеър, оҳанг ва клипи қимматтаринатон бигӯед. Яъне, гаронтарин суруди шумо кадом аст ва чанд сомонӣ ё доллар харҷ кардаед?

—  Аз ҳама суруди қимматаринам “Бевафо” ном дорад, ки дар умум 8 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ шудааст. Намоҳангашро дар Туркия сабт кардем.

— Дар шоу-бизнес баъзан овозаҳоеро мешунавем ва бархеҳо ба воситаи он овозаҳо таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Хушбахтона, шумо ба чунин «хайп»-ҳо ҳамроҳ нестед. Чӣ қувва аст, ки шуморо бозмедорад?

— Мо роҳи душворро интихоб кардем, роҳи маҳбуб шуданро бидуни дурӯғу фиреб. Мақсад, маҳбубият аз маъруфият фарқ дорад. Мо аз аввал кӯшиш кардем, ки бо маҳсули эҷодамон маҳбуби дилҳо бошем ва танҳо барои сурудҳоямон, корҳои хубамон мардум шиносанду дӯст доранд. Барои чанд моҳ шинохтану бо ангушт нишон додан, ҳеҷ вақт дар мақсадҳои мо набуд ва барои чунин шуҳрати дурӯғин фикр ҳам накардаем.

— Доир ба муносибати мухлисонатон чӣ гуфта метавонед. Яъне, дар миён изҳори муҳаббат, тӯҳфаҳо, хушгӯиҳо ва ғайраҳо ҳаст?

— Шукри Парвардигор, ки ҳамеша ба муҳаббату самимияти мухлисонам рӯ ба рӯ мешавам. Туҳфаҳо ҳам ҳастанд, ки аз ҳаводорони мард қабул мекунам ва аз ҷинси латифро бошад, кӯшиш мекунам интихобан қабул кунам, зеро намехоҳам аз духтарон туҳфаҳои гаронбаҳо гирам.

— Санъат, рашк ва оила. Ин се калимаро чӣ гуна созгор мекунед?

— Бисёр осон. Ҳар коре, ки мекунам, барои оилаам аст. Оилаам маро бисёр хуб мефаҳманд ва медонанд, ки ҳама кӯшиши ман барои онҳост.

— Мо шуморо ҳарчанд гӯш мекунем фаҳмида наметавонем, ки ба кӣ тақлид мекунад, шояд накунед. Оё нафареро вохӯрдед, ки махсус ба шумо тақлид кунад ва хоҳед мисли шумо овозхонӣ кунад?

— Ман намехоҳам ба касе монанд бошам, бояд ҳар санъаткор роҳу услуби худро дошта бошад. Ҳастанд нафароне, ки ба ман тақлид мекунанд ва мехоҳанд бо онҳо ҳамкорӣ кунам.

— Шумо сурудҳои кадом овозхонҳои тоҷикро гӯш мекунед?

— Ҳар суруде, ки дар “ТОП” бошаду бароям писанд ояд, гӯш мекунам.

Мусоҳиб: Сино ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *