Се кӯдаки ноболиғамро дар кӯча намонед!

Ба Раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён

Муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён!

Аз рӯйи адолат ва холисона баррасӣ нагардидани баҳси манзилии ман ва Ҳамидова Насибахон бо Сайдалиев Муйбулло дар Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва аз ҷониби Суди вилояти Хатлон ба эътибор нагирифтани ваҷҳу далелҳои мо маро водор намуд, ки тавассути матбуот унвонии Шумо муроҷиат намоям. Ҳадафи муроҷиати ман ба унвонии Суди Олӣ ин аст, ки маҳз Шумо метавонед адолати судиро барқарор намуда, ҳуқуқи конститутсионии ману се фарзанди ноболиғамро ба манзил барқарор созед.

Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз 2-юми феврали соли 2023 даъвои Сайдалиев Муйбулло нисбати мо қонеъ карда шуда, бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Хатлон аз 16-уми майи соли 2023 ҳалномаи номбурда бетағйир мононда шудааст.

Хулосаи суди марҳилаи якум дар бораи он, ки гӯё Сайдалиев Муйбулло соли 2015 дар сохтмони манзили баҳсӣ дар суроғаи шаҳраки Қубодиён, кӯчаи Ҷавонӣ, хонаи 6 иштирок кардаасту бо ҳамин асос ӯ дар ин манзил ҳуқуқи соҳибмулкӣ дорад, нодуруст буда, дар рафти мурофиаи судӣ бо ягон далели боэътимод тасдиқи худро наёфтааст. Аз баёноти тарафҳо дар маводҳои парванда дида мешавад, ки байни даъвогар Сайдалиев Муйбулло ва марҳум бародараш Сайдалиев Файзулло ягон намуд созишнома оид ба фаъолияти якҷояи сохтмонӣ баста нашудааст.

Аз маводҳои парванда бармеояд, ки манзили баҳсӣ аз соли 2002 то инҷониб дар соҳибӣ ва ихтиёрдории Ҳамидова Насибахон ва шавҳари ӯ марҳум Сайдалиев Файзулло қарор дошта, ин манзил дар ягон маврид таҳти соҳибӣ ва ихтиёрдории даъвогар Сайдалиев Муйбулло набуд. Даъвогар Сайдалиев Муйбулло дар манзили баҳсӣ истиқомат накардааст, дар қайди он намебошад ва нисбати ин манзил ягон ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда надорад.

Хулосаи суд дар бораи он, ки гӯё “аз аризаи Кирик Илона Михайловна бармеояд, ки вай манзили истиқоматии баҳсиро ба Сайдалиев Муйбулло Хайруллоевич ба маблағи 5500 доллар фурӯхтааст”, нодуруст мебошад. Аризаи Кирик Илона Михайловна далели судӣ шуда наметавонад, чунки нотариуси Федератсияи Россия танҳо дурустии имзои ӯро дар ариза тасдиқ намуда, дурустии баёноти ӯро ягон мақомоти давлатӣ ё судӣ тасдиқ накардааст.

Дар маводҳои парванда ба ғайр аз нишондоди се шоҳид, ки гӯё дар сохтмони манзили баҳсӣ дар соли 2015 иштирок карда бошанду гӯё маблағи кори онҳоро Сайдалиев Муйбулло дода бошад, дигар ягон далели боэътимод вуҷуд надорад. Суди марҳилаи якум парвандаро рӯякӣ дида баромада, доир ба парванда ташхиси сохтмонӣ-техникӣ таъин накарда, нархи бозаргонии манзили истиқоматӣ, имконияти ба ҳиссаҳо тақсим намудани онро умуман муқаррар накарда, бармаҳал дар бораи моликияти умумӣ будани манзил хулосаҳои нодуруст баровардааст.

Хулосаи суд дар бораи он, ки гӯё шаҳодатномаи мерос аз рӯи қонун пас аз шаш моҳ дода шудааст ва бо ҳамин асос ин шаҳодатнома беэътибор дониста мешавад, нодуруст буда, хилофи талаботи қонун мебошад. Суд байни мафҳумҳои “муҳлати қабули мерос” ва “муҳлати додани шаҳодатномаи мерос аз рӯи қонун” фарқгузорӣ накарда, хулосаҳои нодуруст баровардааст. Муҳлати шашмоҳа, ки дар қисми 3-и моддаи 1174-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1999) пешбинӣ шудааст, муҳлати қабули мерос мебошад, на муҳлати додани шаҳодатномаи мерос! Муҳлати додани шаҳодатномаи мерос дар қисми 2-и моддаи 1176-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1999) пешбинӣ шудааст.

Тавре аз маводҳои парванда бармеояд, Ҳамидова Насибахон пас аз вафоти шавҳараш Сайдалиев Файзулло дар давоми шаш моҳ амволи меросиро воқеан қабул намуда, ба соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ кардани он шуруъ намудааст ва барои тасдиқи ҳолати воқеан қабул намудани мерос ба идораи нотариус маълумотномаҳои хаттии дахлдорро оид ба аз ҷониби ӯ воқеан қабул шудани мерос пешниҳод кардааст.

Хулосаи суди марҳилаи якум дар бораи он, ки гӯё Сайдалиев Муйбулло дар бораи вайрон гардидани ҳуқуқҳояш танҳо моҳи июни соли 2022 огоҳ шуда бошад ва бо ҳамин асос муҳлати сесолаи даъворо нагузаронидааст, нодуруст буда, бо ҳолатҳои воқеии парванда мувофиқат намекунад. Тавре аз маводҳои парванда бармеояд, Сайдалиев Муйбулло гӯё дар азнавсозии манзили истиқоматӣ соли 2015 саҳм гузоштааст, аммо аризаи даъвогӣ оид ба моликияти умумӣ эътироф намудани манзили баҳсӣ моҳи июли соли 2022, яъне пас аз 7 (ҳафт) сол ба суд пешниҳод карда шудааст. Аз маводҳои парванда дида мешавад, ки Сайдалиев Файзулло санаи 25-уми сентябри соли 2017 вафот кардааст, аммо даъвогар Сайдалиев Муйбулло пас аз 5 (панҷ) соли вафоти бародараш, яъне дар соли 2022 ба суд муроҷиат кардааст. Аз маводҳои парванда дида мешавад, ки шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун таҳти №4М-20 санаи 20-уми августи соли 2018 ба номи Ҳамидова Насибахон Менглиевна дода шудааст, аммо аризаи даъвогӣ моҳи июли соли 2022, яъне пас аз 4 (чор) сол ба суд пешниҳод карда шудааст. Ҳолатҳои номбурда аз он шаҳодат медиҳанд, ки даъвогар Сайдалиев Муйбулло муҳлати сесолаи даъворо, ки бо моддаҳои 221 ва 223-и Кодекси гражданӣ (таҳрири соли 1999) пешбинӣ шудааст, бидуни сабабҳои узрнок гузаронидааст. Дар рафти мурофиаи судӣ даъвогар бо ариза дар бораи барқарор намудани муҳлати сесолаи даъво муроҷиат накарда, барои тасдиқи ҳолати бо сабабҳои узрнок гузаронидани муҳлати сесолаи даъво ба суд ягон далел пешниҳод накардааст.

Муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён!

Айни замон шикоятҳои назоратии ман ва Ҳамидова Насибахон дар Суди Олӣ дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд. Агар ҳалномаи ғайриқонунӣ қабулнамудаи Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз 2-юми феврали соли 2023 мавриди иҷро қарор гирад, ман ва се нафар фарзандони ноболиғам аз манзил маҳрум гардида, маҷбур мешавем бо кӯдакони ноболиғамон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, кӯдаконамонро дар фазои саргардониву ғарибӣ, дар мамлакати бегона ба камол расонем.

Бо назардошти асосҳои дар боло овардашуда, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки муроҷиати маро холисона, объективона ва тибқи қонун баррасӣ ва ҳалномаи ғайриқонунӣ қабулкардаи Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро аз 2-юми феврали соли 2023 доир ба парвандаи гражданӣ бо аризаи даъвогии Сайдалиев Муйбулло Хайруллоевич бо ҷавобгарии Ҳамидова Насибахон Менглиевна ва Алимардонзода Ганҷинаи Эшмурод дар бораи эътироф намудани моликияти умумӣ бекору адолати судиро таъмин намоед.

Ман ҳамчун зан-модар ба инсоф, адолати иҷтимоӣ ва судӣ умедвор ҳастам!

Алимардонзода Ганҷинаи Эшмурод,

истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *