ҶАҲОНИ ИД ДАР “ТОҶИКИСТОН”
27-уми август дар бештари кишварҳои олам чунин ҷашну маросимҳои расмиву ғайрирасмӣ, милливу мардумӣ қайд карда мешаванд:
ҶИДДӢ
-Аз соли 1980 бо қарори Президиуми Совети Олии ИҶШС ҳамчун Рӯзи кинои рус таҷлил карда мешавад.
Дар ин рӯз беҳтарин ҳунармандон ва коргардонҳо бо ҷоиза қадрдонӣ мегарданд.
-Дар Молдава Рӯзи истиқлолият қайд карда мешавад. Ин кишвар соли 1991 истиқлолияташро ба даст овардааст ва имсол 29-солагии худро таҷлил менамояд.
-Дар Эрон Рӯзи дорусозон таҷлил карда мешавад. Рушди ин соҳа дар Эрон аз соли 1921 оғоз гардидааст. Ҳоло дар инҷо беш аз 90 коргоҳи дорусозӣ амал мекунад.
ҲАЙРАТОВАР
-Дар Украина ҳамчун Рӯзи сала қайд карда мешавад. Ин навъи хӯрданӣ ба “Китобҳои рекордҳои Украина” дохил шудааст ва хӯроки миллии украиниҳо маҳсуб меёбад.
-Дар кишвари африқоии Гвинея Рӯзи “Шӯриши занон” таҷлил карда мешавад. Ин ҳодисаи даҳшатбор соли 1977 ба вуқӯъ пайвастааст.
-Дар ин рӯзи соли 1955 аввалин “Китоби рекордҳои Гиннес” дар ҳаҷми 198 саҳифа ба табъ расидааст. Аз ин рӯ, ин рӯзҳо ҳамчун Рӯзи китоби рекорд қайд мекунанд. ФАРАҲБАХШ
-Дар бештари кишварҳои олам Рӯзи дӯстдорони банан таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба хотири ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон қайд мегардад. Ҳиндустон калонтарин кишвари истеҳсолкунандаи банан ба ҳисоб меравад.
-Дар Британияи Кабир Рӯзи миллии бургер қайд карда мешавад. Ин навъи хӯрдани байни мардуми Ғарб хеле маъмул гаштааст. Онро дар бештари кишвари Осиё “Хӯрокҳои зудпаз” меноманд. -Дар бештари кишварҳои олам Рӯзи абрҳои парвозкунанда қайд карда мешавад. Дар ин рӯз ҳама ба осмон назар мекунанд ва ҳаракати абрҳоро мушоҳида менамоянд.
P.S: “Pressa.tj”-ро пайгирӣ кунед ва аз дигар хабару рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошед.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ