ҶАҲОНИ ИД ДАР “ТОҶИКИСТОН”
1-уми сентябр дар бештари кишварҳои олам чунин ҷашну маросимҳои расмиву ғайрирасмӣ, милливу мардумӣ қайд карда мешаванд:
ҶИДДӢ
-Дар ин рӯзи соли 1997 Кабардино-Балкария конститутсияи худро дар таҳрири нав қабул кардааст. Ҳамчун дар ин рӯзи соли 1921 вилояте бо чунин ном ташкил ёфтааст.
-Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзи истиқлолияташро тантананок таҷлил мекунад. Ин воқеа соли 1991 ба вуқӯъ пайвастааст.
-Дар Словакия Рӯзи конститутсияро қайд мекунанд. Сарқонуни ин кишвар соли 1992 бо роҳи парламентарӣ қабул гардидааст.
-Мардуми Гондурас Рӯзи парчамро таҷлил мекунанд. Ин муқаддасоти миллӣ соли 1866 расман қабул гардидааст.
-Дар кишвари африқоии Эритре Рӯзи инқилобро таҷлил мекунанд. Ин ҳодисаи мудҳиш соли 1961 ба амал омадааст.
-Журналистони Тайван иди касбиашонро қайд мекунанд. Ин ид расман мақоми давлатӣ надорад.
ҲАЙРАТОВАР
-Дар кишвари Япония Рӯзи пешгирии ҳолатҳои фавқулодаро таҷлил мекунанд. Япония кишвари наздисоҳилӣ буда, ҳамасола қурбонии садҳо офатҳои табиӣ мегардад.
-Сокинони Зеландияи нав Рӯзи некии нохостро таҷлил мекунанд. Ин ид аз соли 2016 инҷониб ҷашн гирифта мешавад.
ФАРАҲБАХШ
-Австралиягиҳо Рӯзи акатсияро таҷлил мекунанд. Ин як навъ дарахтест, ки аввали фасли баҳор мешукуфад.
-Дар кишвари Перу Рӯзи дарахтшинонӣ таҷлил карда мешавад. Ин ид ба хотири ҳимояи экосистемаи табиӣ роҳандозӣ гардидааст.
P.S: “Pressa.tj”-ро пайгирӣ кунед ва аз дигар хабару рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошед.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ