Гулҳавасро ёфтанд, дигарон нопайдо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ)-и Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшон шоми 31 август, баъди 17 рӯз ҷасади Гулҳавас Шоҳмирзоеваи 33-сола, яке аз чор узви як оила аз деҳаи Машхевади ноҳияи Айниро, ки рӯзи 14 август ҳангоми убури дарё бо заврақи худсохт ғарқ шуданд, пайдо карданд.

Ҷустуҷӯи се нафари дигар идома дорад. КҲФ қаблан хабар дода буд, ки субҳи 14 август, тахминан соати 09:50 4 узви як оила аз деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур аз дарёи Искандар бо заврақи худсохт ғарқ шудаанд.
Ғарқшудагон:

  1. Шомирзоев Исмоил, соли таваллудаш 1959
  2. Шоҳмирзоева Гулҳавас, соли таваллудаш 1987
    3.Наврузов Пурдил, соли таваллудаш 2018, набераи Шомирзоев И.
    4.Пирова Наврӯзмо, соли таваллудаш 1990, келини оила.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *