Ҷабборов дар Тоҷикистон. Вазири дифои Туркия ба Қирғизистон омад

Зимни сафари кории хеш Хулуси Акбар бо ҳамтои қирғизаш Таалайбек Омуралиев дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро матраҳ мекунанд

Санаи 29 июн, замоне ки Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шаҳри Душанбе бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад, Вазири дифои Туркия Хулуси Аскар бо сафари корӣ ба Қирғизистон омад.

Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар медиҳад.
“Зимни сафари кории хеш Хулуси Акбар бо ҳамтои қирғизаш Таалайбек Омуралиев дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро матраҳ мекунанд” – омадааст, дар хабарномаи Вазорати дифои Қирғизистон.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки зимни мулоқоти вазирони дифои ду кишвар вазъии феълии низомии Қирғизистон ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳо барои оянда мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Коршиносон дар рӯзҳои сафари кории Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон, ба вуқуъ пайвастани сафари вазири дифои Туркия ба Қирғизистон бесабаб намедонанд. Зеро дар рӯзҳои муноқишаи ахири Тоҷикистону Қирғизистон хабарҳо дар мавриди кӯмак хостани Қирғизистон аз Туркия расонаӣ шуда буд. Баъдан Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ин хабарҳоро рад кард.

Содир Ҷабборов баъди муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон нахустин сафарии кории хешро ба Туркия анҷом дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *