Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) дар даври 1/4 финалии Ҷоми миллатҳои араб-2021

Ба даври чорякфиналии Ҷоми миллатҳои араб роҳ ёфтани Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19). Мусобиқа дар Миср баргузор гардидаистодааст.

Футболбозони ҷавони тоҷик охири гурӯҳӣ дар давраи сеюм дастаи Ҷибутир бо ҳисоби 5:0 шикаст доданд.

Тубҳоро Абдулфаттоҳ Худойдодзода (2-то), Кабир Салимшоев, Салам Ашӯрмамадов ва Фахриддин Ахтамов аз дастаи Тоҷикистон ба нишон расониданд.

Дар гурӯҳи “В” дастаи Мағриб (Марокаш) бо ҳисоби 4:0 бар дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб ғолибиятро ба даст овард.

Дастаҳои Мағриб ва Тоҷикистон аз гурӯҳи “В” ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд. Имрӯз, 29 июн дар даври чорякфиналӣ футболбозони тоҷик бо тими Миср қувваозмоӣ мекунанд. Даргӯҳи “А” дастаи Миср зинаи якумро ишғол намуд.

Дар даври чорякфиналӣ футболбозони тоҷик бо соҳибони майдон — дастаи Миср бозӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *