Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Аврупо дар Брюссел

12-уми майи соли 2022 дар бинои Парлумони Аврупо дар шаҳри Брюссел Ҷаласаи IX Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Дар иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зери роҳбарии Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии Фулвио Мартучиелло, Раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (DCAS) намояндагӣ карданд.

Дар рафти иҷлосия масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо бахусус, дар доираи робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, вакилон масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ дар сиёсати чахонӣ,  тамоюлҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин оид ба мубориза бо терроризм, вазъият  дар Афғонистон табодули афкор намуданд. Ҳайатҳо бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва дар ин радиф масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба низоми умумии имтиёзоти GSP+-ро  низ мавриди муҳокима қарор додад.

Муқаррар шуд, ки ҷаласаи навбатии Кумита соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *