Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизаш дар Душанбе

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷээнбек Кулубоев мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтаи матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар, ин дидор дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе доир шуд.

Гуфта мешавад, мулоқоти вазирони хориҷа дар фазои созанда доир гашт.

«Зимни вохӯрӣ мусоҳибон пойдории усулҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориро, ки асоси ҳамзистии осоиштаи мардумони тоҷику қирғиз мебошанд, қайд намуданд», — афзудааст манбаъ.

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал баррасӣ кардаанд.

Дар ин замина аҳаммияти идома додани музокироти пай дар пай ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳо мувофиқ ба манфиатҳои тарафайн таъкид гардид.

Инчунин,ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи иқтидори истифоданашуда дар соҳаи тиҷорату иқтисод чораҳои зарурӣ меандешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *