Ҷамшед Табарзода: Бинои сохтмонаш нотамом дар назди Сирк баҳсӣ аст
Беш аз 15 сол аст, ки 3 бинои баландошёна дар шафати Сирки давлатӣ то ҳол ба истифода дода нашудаанд.
Гуфта мешавад, ин биноҳо бо сармоягузории соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ бунёд шудааст. Ҷамшед Табарзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар мавриди сарнавишти ин биноҳои баландошёна зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар кард.
Ӯ гуфт, ки ин биноҳои баландошёна баҳсӣ ҳастанд.
“Ростӣ, чандидин сол аст, ки биноҳои баландошёна дар назди Сирки давлатӣ сохтмонаш ба охир нарасиданд. Бо соҳибмулкони ин биноҳо чандин маротиба суҳбат доштем. Ба шаҳрдорӣ ягон иртибот надоранд. Рӯзҳои наздик ин мушкилот ҳалли худро меёбад”,-гуфт Табарзода.
Аммо номбурда нагуфт, ки ҳоло корҳои боқимондаи сохтмони ин биноҳоро кадом ширкат бар зимма дорад ва кай мавриди истифода қарор мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ