Қурбон Ҳакимзода

Шаҳритус: Аз ҷаримаи шахсони мутасаддӣ хабар надоранд

Дар вилояти Хатлон соли 2022 беш 350 шахсони масъул ва мутасаддӣ барои додани омори хато ва сари вақт пешниҳод накардани маълумот ҷарима шудаанд.

Дар ин бора Қурбон Ҳакимзода — сардори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Дар миёни панҷ ноҳияе, ки аз ҳама бештар масъулин ҷарима шудаанд, ноҳияи Шаҳритус низ ҳаст. Аммо Ҷаббори Ғаффор — раиси ноҳияи Шаҳритус дар нишасти хабарии хеш ба суоле, ки “кадом шахсони масъули ноҳия аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷарима шудаанд?” посухи мушаххас нагуфт. Ӯ ба масъулини дар толор нишаста гуфт, ки “киро ҷарима карданд? Рости гап ман маълумот надорам. Инро мебинем, баъд ҷавобашро медиҳем”.

Аз масъулини дар толор нишаста ҳам касе бо садои паст гуфт, ки “роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониро ҷарима карданд”.

Ба таъкиди Қурбон Ҳакимзода, аз ҳама бештар дар ноҳияҳои Шаҳритус, Хуросон, Дӯстӣ, Қубодиён ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ масъулин ва шахсони мутасаддӣ барои пешниҳоди маълумоти хато ва сари вақт пешниҳод накардани ҳисобот ҷарима шудаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *