Ҷамшедро банг одамкуш кард

Аз таъсири воситаи нашъадори навъи бангдона ва ҳолати мастӣ байни Ҷамшед Ҷумъазода ва Беҳзод Давронбеков муноқишаи лафзӣ сурат гирифт

Шоми 10 ба 11-уми ноябр аз ҷониби шахси номаълум шаҳрванд Давронбеков Беҳзод Эркинович, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод, дар ҳудуди манзили истиқоматиаш назди иншоотҳои ёрирасони кӯчаи Байналмилали шаҳраки Зафаробод, маҷбуран аз ҳаёт маҳрум карда шуда, ҳамзамон модари ӯ шаҳрванд Зиёева Малоҳат Ризоевна, соли таваллудаш 1976, дар дохили ҳуҷраи истиқоматӣ мавриди латукӯби шадид қарор мегирад.

Аз зарбаи олоти кунду сахт ба қисмати сару рӯй Беҳзод Давронбеков ба ҳалокат расида, бо истифода аз ҳамин гуна олот ба модари ӯ Малоҳат Зиёева ҷароҳати вазнин расонида шудааст.
Бо гузашти 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ҳодиса ба кормандони Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд муяссар гардид, ки парда аз рӯи ҷинояти даҳшатангези одамкушӣ ва сӯиқасди одамкушӣ бардоранд. Шахсияти шаҳрванд Ҷамшед Ҷумъазода, соли таваллудаш 1991 шинохта гардид, ки дар ҳамсоягӣ бо ҷабрдидаҳо истиқомат дошта, дар содир намудани ҷинояти махсусан вазнин гумонбар дониста мешавад.
Хусумати шахсӣ, бадбинӣ нисбати якдигар, қасду қасосгирӣ ё дигар муносибатҳои моливу пулӣ байни гумонбаршуда ва ҷабрдидаҳо, аз фарзияҳои аввалин то ошкор шудани ҷиноят буд, ки дар доираи чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ тасдиқ наёфт. Тибқи далелҳои ҷамъоваришуда аз таъсири воситаи нашъадори навъи бангдона ва ҳолати мастӣ байни Ҷамшед Ҷумъазода ва Беҳзод Давронбеков муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, гумонбаршуда бо истифода аз болғаи оҳанӣ аввал Беҳзод Давронбековро кушта, дар идома бо гумони он, ки модари охирон кирдори ҷиноятиашро мушоҳида кардааст, қасди аз ҳаёт маҳрум кардани модари ӯро намудааст.

Дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ Беҳзод Давронбеков дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, модари ӯ ҷароҳати вазнин ба ҳаёту саломатӣ бардоштааст.
Тафтишоти ҳодисаи одамкуширо мақомоти Прокуратураи ноҳияи Зафаробод пеш мебарад. Як ҳаракати ноҷо Ҷамшед Ҷумъазодаро, ки то рӯзи ҳодиса фаъолияти соҳибкорӣ дошта, рӯзгори ободу осишта мебурд, ба расвоӣ кашид ва шахсияти ӯро доғдор сохт.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *