Ҳамсанги офтоб

Камтар аз зарра найӣ, паст машав, меҳр биварз,

То ба хилватгаҳи хуршед расӣ чархзанон.

Инсони худогоҳ ҳамеша роҳ сӯйи камолот дорад ва аз пайи иҷрои марому мақсад ва дарёфти  ормонҳои хеш аст. Дар олами ҳастӣ падидаҳое ҳастанд, ки дар фосилаи тӯлонии замон самараи онҳо ҳосил мегардад. Боғғон солҳо ранҷ мебарад, то ниҳолҳои парвардааш самар диҳанд. Инсон ҳам ба масобаи ниҳолест, ки ниёз ба муҳити муносиб ва заҳмати боғбон дорад. То ба камол расидани як инсони бофазлу ҳунар саъю кӯшиш, сабру тоқат ва заҳмати зиёд лозим аст. Саодатмандию хушбахтии маънавии инсон низ вобаста ба амал ва корҳои анҷомдодаи ӯст.

Академик Носирҷон Салимӣ низ то расидан ба мақому мартабаи донишмандию муҳаққиқӣ, омӯзгориву роҳбарӣ ва инсонию маърифатии хеш зина ба зина марҳилаи такомул ва камоли шахсияти худро паймудааст. Дар камолоти шахсияти маънавии устод Носирҷон Салимӣ ду мактаб нақши бузург бозидаанд: яке муҳити хонаводагӣ — мактаби падари баруманд, адабиётшиноси варзидаи тоҷик — Юсуфҷон Салимов, ки  умри босамари худро сарфи таҳқиқи адабиёти оламшумули форсӣ намудааст. Ҳамин сабақи устодонаи падари фозилу донишманд буда, ки аз овони наврасӣ меҳри илму адаб ва суханшиносиро дар замири ӯ ҷо намуда ва роҳи ояндаашро мунаввар сохтааст. Дигаре мактаби бузурги адабиётшиносии аллома Муҳаммадҷон Шакурии Бухороист, ки устод Салимӣ илми суханшиносӣ ва инсонпарвариро аз ӯ омӯхтааст. Ин ду мактаб дар камолоти шахсияти маънавии ӯ сахт муассир будаанд.

Агар муҳити адабпарвари Хуҷанд ниҳоли меҳри илму адабро дар замири ин ҷавонмарди муаддаб шинонда бошад, доираи илмию адабии пойтахт онро ба дарахти барӯманд табдил додааст. Устод Носирҷон Салимӣ пешаи падарро дунбола намуд ва бо дуову ҳидояти қиблагоҳ ба таҳқиқи як паҳлуи пурмӯҳтаво, аммо камомӯхташудаи адабиёти форсӣ наср машғул шуд. Кор дар кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба сифати лаборант ва баъдан дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаққиқи коромӯз, таҳсил дар аспирантура ва фаъолият дар Институти  забон ва адабиёти АУ Тоҷикистон ва маҷаллаи «Садои Шарқ»  ӯро оҳиста-оҳиста ба сарманзили мақсуд расониданд. Самараи нахустин ковишҳову ҷустори ӯ марбут ба насри муосири тоҷик дар рисолаи номзадиаш «Ҳофизаи таърихӣ ва масоили тасвири ҳамзамонон дар насри тоҷики солҳои 70-80» таҷассум ёфтааст. Илова бар ин, таҳия ва нашри матни комили яке аз ёдгориҳои хатти насри ривоятӣ – «Ҳазору як шаб» , нақду таҳлили осори адибони муосири тоҷик ва тарҷумаи намунаҳои осори суханварони хориҷ ба забони тоҷикӣ ҳиммат гумошта, ки гувоҳи вусъати фаъолияти илмӣ ӯст.

Дифои рисолаи номзадӣ устод Носирҷон Салимиро ба хулоса оварда, ки  насри порсӣ чун назми он бояд аз оғоз мавриди пажӯҳишу таҳқиқ қарор бигирад, то арзишҳои маърифатию адабӣ ва эстетики он ҳамаҷониба рӯшан гардад. Зеро аксари муҳаққиқон назми оламшумули форсу тоҷикро баррасӣ намуда, аз насри он сарфи назар намудаанд. Ҳол он ки дар баробари назм насри форсу тоҷик низ дорои арзишҳои баланди маърифатию эстетикист. Барои анҷоми ин кори бузург бо ташаббуси ӯ дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» таъсис гардид ва ҳангоми роҳбарии ӯ китобҳои зиёде перомуни тамаддуни ва фарҳанги аҳди Сомонӣ ба нашр расид, ки китоби дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» намунаи боризи он аст. Чун худ ба омӯзиши насри аҳди классикӣ азм намуда буд, сараввал салоҳ донист, ки намунаҳои насри аҳди Сомониро ба нашр тайёр намояд. Мероси арзишманди насри ин давра бо унвони «Мероси Оли Сомон» соли 2001 ба нашр расид, ки дорои муқаддима, тавзеҳот ва ҳавошию луғатнома аст. Дар муқаддимаи муфассале, ки устод Носирҷон Салимӣ ба ин китоб навиштааст, заминаи пайдоиш ва ташаккулу таҳаввули насри форсӣ дар ин давра ҳамаҷониба таҳқиқ шуда, ки худ ба сифати як рисолаи мустақили илмист.

Натиҷаи таҳқиқи анвои насри аҳди классикӣ дар рисолаи докториии  устод «Пайдоиш ва инкишофи анвои насри форсу тоҷики асрҳои миёна (1Х-Х111) ҷамъбаст гардида ва он ҷустору ковишҳои илмии ӯ бо унвони «Марҳилаҳои услубӣ ва таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои 1Х-Х111) дастраси аҳли таҳқиқ ва ҳаводорони адабиёти форсу тоҷик гардид. Ин рисола на танҳо дар адабиётшиносии тоҷик, балки дар ҷаҳони эроншиносӣ нахустин таҳқиқоти муфассалест, ки дар он заминаҳои фарҳангии пайдоиш ва таҳаввулу ташаккули анвои насри форсӣ ҳаматарафа мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ба ҳамин минвол мақолаву гузоришҳои ӯ марбут ба адабиёти форсу тоҷик, алалхусус насри он дар саҳифаҳои маҷаллоти ватанию хориҷӣ  ба нашр расидаанду мерасанд.

Паҳлуи дигари фаъолияти илмии устод таҳия ва нашри мероси мансури аҳди классикӣ аст. Илова бар «Мероси Оли Сомон», ки намунаҳои осори аҳди Сомониро дар бар мегирифт, эшон осори мансури аҳди Сомониро дар шакли мукаммалтаре бо унвони «Шукӯҳи наср дар аҳди Сомониён» ба нашр расониданд, ки саҳифаи тозае дар шинохти адабиёти аҳди Оли Сомон аст. Ҳамчунин бо раҳнамоӣ ва  эҳтимои устод «Ахлоқи Носири»-и Хоҷа Насири Тусӣ, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Тазкиратулавлиё» — и Шайх Аттор, «Тафсири «Таърихи Табарӣ» ва «Донишномаи Сомониён» дар ду муҷаллад бо сифати баланд аз ҷониби муҳаққиқони «Маркази пажӯҳиши  тамаддуни давраи Сомониён» таҳия ва нашр гардид. Ин ҳама дар муаррифӣ ва дастраси хонандагон намудани мероси арзишманди аҳди Оли Сомон, ки саҳифаи дурахшони тамаддуни тоҷикон аст, нақши муҳим бозид.

Дар баробари корҳои илмӣ устод Салимӣ масъулияти бузурги роҳбариро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба зима дошт. Солҳои 1999 – 2000 муовини ректор оид ба илм ва таълим ва аз соли 2001 то марти 2010 ректори ДДХ  ифои вазифа намудаанд. Дар солҳои роҳбарии эшон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид. Рӯҳияи  созандагӣ ва бунёдкории  устод Носирҷон Салимӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, ки роҳбарии  ин боргоҳҳои маърифатро дар солҳои гуногун ба дӯш дошт, идома ёфт. Устод аз рӯзҳои аввали кории  хеш ба ҳайси сарвари ин муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ  ба тағйироти куллӣ дар таълиму тарбия ва илм иқдом намуд. Ҷалби мутахассисони варзида, ба роҳ мондани вазъи мусоид ва вусъат бахшидан ба таҳсили кредитӣ, таъмиру таҷҳизи биноҳои таълимӣ, таъсиси китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компюторӣ, пайвастан ба шабакаи интернет, харидорӣ, тарҷума, таҳия ва нашри  кутуби тахассусӣ, таъсиси матбаа ва нашриёт, таъсиси маҷаллаи илмии «Мутарҷим»,  «Забоншинос», «Навруста», «Муҳаққиқ» аз  номгӯи корҳоест, ки  устод Н.Салимӣ нақшаи амали онро ба роҳ мондааст.

Хушбахтӣ ва саодатмандии инсон дар амалӣ гардидани  ормонҳои неки ӯянд. Устод Носирҷон Салимӣ кори оғозкардаи падари бузургворашро идома дода, дар таҳқиқи насри форсу тоҷик ба бозёфтҳои бузурги илмӣ ноил гардид, ки аз тарафи донишмандон этироф гардидааст ва заҳматҳояш бо ҷоизаҳову унвонҳои баланд қадрдонӣ шудааст. Устоди арҷманд Носирҷон Салимӣ ба синни мубораки шаст қадам ниҳода, эшонро ба ин синни муборак  табрик мегӯем ва аз Худованди мутаъол таманнои онро дорем, ки ин дуои Хоҷаи Шерозро бадрақаи зиндагии эшон гардонад:

Солу фолу молу ҳолу аслу наслу тахту бахт,

Бодат андар шаҳриёрӣ барқарору бардавом.

Сол хуррам, фол неку, мол вофир, ҳол хуш,

Асл собит, насл боқӣ, тахт олӣ, бахт ром.

Ш.Р. Исрофилниё,

профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *