Ҷарима барои исқоти ғайриқонунии ҳамл ҳам зиёд шуд
Болоравии ҷарима бинобар афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст, ки аз 1 январи соли 2024 ба 72 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ҳоло ин нишондиҳанда 68 сомонӣ аст.
Ҳамин тариқ, агар исқоти ҳамл аз ҷониби шахсе, ки маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор надорад ё шахси қаблан барои исқоти ғайриқонунии ҳамл судшуда содир шуда бошад, ҷарима аз 36 то 50,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ мешавад.
Ин нишондиҳанда феълан аз 34 то 48 ҳазор сомонӣ баробар буда, ҳамзамон барои ин кирдор маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол низ пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин арзиши ҷарима барои иҷро накардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби корманди тиб бинобар муносибати бепарвоёна ё беинсофона, ки аз сабаби зарар ба саломатии бемор мегардад, афзуд.
Агар табиб ба чунин иттиҳом гунаҳкор шавад, аз 36 то 72 ҳазор сомонӣ партохт хоҳад кард. Ҳоло ин нишондиҳанда ба ду ҳазор сомонӣ камтар аст. Ҳамчунин агар ин амал боиси марг шавад, ба муҷрим аз панҷ то ҳашт соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ