Бохтар: Нақлиёти ҷамъиятӣ ба фаъолият оғоз кард

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар автобусҳои ҷамъиятӣ ба гардиш шуруъ карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин минтақаи кишвар нақлиёти ҷамъиятӣ ба сокинон аз хизматрасонӣ намекард.

Аз 24 ноябри соли равон, нақлиёти ҷамъиятӣ ба кашонидани мусофирон дар масири Бохтар — Кӯшониён ва Бохтар – Вахш шуруъ кардаанд. Барои кашонидани мусофирон дар хатсайри мавриди назар ҳоло 9 автобус хизмат мерасонаду халос.

Афзал Юсуфзода, мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои шаҳри Бохтар дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки ҳоло дар дохили шаҳр автобусҳо ба фаъолият шуруъ накардаанд. Танҳо ба ду ноҳияи вилояти Хатлон, Кӯшониён ва Вахш нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат доранд.

Ӯ илова кард, ки дар наздиктарин фурсат ҳаракати афтобусҳо дар дохили шаҳр оғоз мешавад. Дар шаҳри Бохтар барои хизматрасонии босифати нақлиётӣ ба сокинон 41 автобус оварда шудааст ва каму беш 60 истгоҳ бунёд гардидааст.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *