Ҷаримаи беш аз 100 нафар дар Вахш
Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Вахш беш аз 100 нафарро ҷарима кардааст. Миёни нафарони ҷаримашуда шахсони масъул ҳам ҳастанд.
Шомиддин Сайдализода, мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Вахш дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки ҷарима дар маҷмӯъ 22 ҳазору 896 сомониро ташкил медиҳад.
Ӯ мегӯяд, шахсони масъули ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мақомоти маҳаллӣ барои саривақт накашидану безарар накардани партов ҷарима шудаанд.
«Ҳамчунин, чанд нафарро барои худсарона буридани дарахт ва ифлос кардани ҳаво ҷарима кардем», — афзуд вай.
Ба гуфтаи номбурда, бо мақсади баланд кардани сатҳи огоҳии мардум ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист, дар ноҳияи Вахш 64 аксияи тозагии маҳал, тозагии соҳил ва тозагии роҳ гузаронида шудааст.
Ҳамчунин, дар мавсими дарахтшинонӣ, аз декабри соли 2023 ва то марти 2024 дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот беш аз 76 ҳазору 200 дарахти гуногун шинонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ